ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ДОКТОРӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ХУШХАБАР! 
 
Санаи 16-уми сентябри соли 2023, соати 10:00 сардори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Данғара РАСУЛЗОДА БАХТИЁР РАҲМОНБЕРДӢ рисолаи доктории хешро таҳти унвони «Асосҳои илмии усулҳои технологияи мутобиқати парвариши гандум дар шароити водии Ҳисор ва мавзеи Данғара», аз рӯйи ихтисоси 06.01.01 – Зироаткории умумӣ, растанипарварӣ дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA-065-и назди Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур бо муваффақона дифоъ намуд.   
Раёсати донишгоҳ устоди азизро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ сарбаландӣ, тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназиро таманно дорад.