ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ХУШХАБАР! 
 
✅ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА 
 
Санаи 18-уми сентябри соли 2023, соати 13:00 муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Данғара АБДУЕВ ЭМОМ СУБҲОНОВИЧ рисолаи номзадии хешро таҳти унвони «ЛЕКСИКАИ ҒАЗАЛИЁТИ ТОЛИБИ ОМУЛӢ», аз рӯйи ихтисоси 10.02.01 – Забони тоҷикӣ, таҳти роҳбарии доктори илми филология, ректори Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе - Мухторов Зайнидин Мухторович, дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-068 назди Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо муваффақона дифоъ намуд.   
Раёсати донишгоҳ устоди азизро барои ин муваффақияти арзишманд дар самти илм самимона табрик гуфта, ба ӯ сарбаландӣ, тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназиро таманно дорад.