«МЕХАНИЗМҲОИ ТАТБИҚИ ТАҚВИЯТИ ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР ДОНИШГОҲ

«МЕХАНИЗМҲОИ ТАТБИҚИ ТАҚВИЯТИ ҲИСОББАРОБАРКУНИҲОИ ҒАЙРИНАҚДӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023, таҳти рақами №586, “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” ва тибқи нақшаи чорабиниҳои кафедраи молия ва фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии Данғара санаи 23.09.2023 семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Механизмҳои татбиқи тақвияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Дар кори семинар олимону муҳаққиқони дохилидонишгоҳӣ ва донишгоҳҳои ҷумҳурӣ, омӯзгорон, унвонҷӯён, магистрон ва донишҷӯён ширкат намуданд. Семинар бо иштирок ва суханронии бевоситаи муовини ректор оид ба илм н.и.и., дотсент Қодирзода Х.Қ. ифтитоҳ гардид. Дар семинар меҳмонон аз Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодии Тоҷикистон н.и.и., дотсент Махшулов Саидхуҷа Ҷумаевич ва н.и.и., муаллими калони кафедраи молия ва иқтисодӣ Хоҷаев Бахтиёр Бобораҷабович иштирок намуда, дар мавзуҳои “Механизмҳои татбиқи тақвияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Роҳҳои тақвияти амалиётҳои электронӣ тавассути кортҳои пардохтӣ” баромад намуданд.

Дар семинар зикр гардид, ки тақвияти ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои давлату ҳукумат ба шумор рафта, барои амалӣ намудани он бояд тадбирҳои саривақтӣ андешид. Гуфта шуд, ки семинари мазкур барои татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” дар амал саривақтист.

           

Счетчик посешаемости и статистика сайта