ҶАШНИ КАСБИЯТОН МУБОРАК, ОМӮЗГОРОНИ АЗИЗ!

ҶАШНИ КАСБИЯТОН МУБОРАК, ОМӮЗГОРОНИ АЗИЗ!

                          ПАЙРАВӢ АЗ ПЕШВО

  • Мо чароғи  ақлу ирфонро фурӯзон мекунем,
  • Барқи донишро ба ҳар сӯ шуълаафшон мекунем.
  • Дар ниҳоди навҳавонон мекунем эҳъёи нӯр,
  • Ҳар ҷавонро қалб, пур аз нӯри тобон мекунем.
  • Пайравӣ аз Пешво, дар меҳнату сидқу вафо, 
  • Хизмати халқу Ватанро аз дилу ҷон мекунем...

 

                          ЗАҲМАТИ УСТОД

  • Умрат дароз бошад, устоди меҳрубонам,
  • Сад сол умр бинӣ меҳрат ба қалбу ҷонам.
  • То ин, ки мо биёбем неъмат зи дониши ту,
  • Омўзгори илму ҳамрози хушбаёнам.
  • Даргоҳи маърифатро бар мо ту мекушоӣ,
  • Илму адаб, ки дорем, онро ту мефизоӣ.
  • Амре  зи ҷониби туст, он амри рӯҳбахш аст,
  • Зеро, ки ту шарифӣ, ҳодию роҳнамоӣ.
  • Ирфону илму дониш аз туст ҳадя моро,
  • Заҳмат, ки мекашӣ ту, морост ҷонфизоӣ.

 

Аз эҷодиёти устоди кафедраи забон ва адабиёти тоҷик - Абдуев Эмом Субҳонович