ЗАБОНИ МИЛЛАТ- ҲАСТИИ МИЛЛАТ

ЗАБОНИ МИЛЛАТ- ҲАСТИИ МИЛЛАТ

БАРГУЗОРИИ МАҲФИЛИ ИЛМӢ – АДАБӢ БА МУНОСИБАТИ “РӮЗИ ЗАБОН”

Тибқи нақша-чорабиниҳои кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Данғара, санаи 3-юми октябри соли 2023 бахшида ба бузургдошти “Рӯзи Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маҳфили илмӣ – адабӣ баргузор гардид. Дар кори маҳфил ҳайати профессорон, омӯзгорон, унвонҷӯён, магистрантон ва донишҷӯёни донишгоҳ ширкат варзиданд. Мақсади асосии маҳфил ин бузургдошти забони давлатӣ – тоҷикӣ, дар руҳияи донишҷӯён бедор кардани ҳисси миллатдӯстӣ, меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллию умумибашарӣ ба шумор меравад.

Гуфта шуд, ки забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдор ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад. Аз ин рў  забони миллат ҳамчун бунёд дар пояи давлат маҳсуб мешавад. Забони модарии мо баъд аз қабули Қонуни забон (бори аввал 22 июли соли 1989, бори дуюм 5 октябри соли 2009) ва махсусан дар даврони Истиқлол ба таври бесобиқа густариш ёфта, беш аз пеш нақшу мақом ва манзалати хешро ба ҳайси забони давлатии кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мустаҳкам менамояд, ки ин аз сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯшишҳои пайвастаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аст.

 

Дар маҳфили мазкур мавзуъҳои зеррин баррасӣ гардиданд:

  1. “Забон, ченаки мантиқӣ, истинодоти сарчашмаҳо”;
  2. “Эҳтиром ба забон- эҳтиром ба модар аст”;
  3. “Пешвои миллат­- эҳёгари забони тоҷикӣ”;
  4. “Саҳми Пешвои миллат дар таҳкиму ташаккули забони тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ”;
  5. “Пешвои миллат – ҳомии забони миллӣ”;
  6. “Забон – бақои миллат”.