ҚАДРДОНӢ ВА РОҲХАТИ 8 НАФАР ОМӮЗГОРОН, МАГИСТРОН ВА ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА БА ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНҲОИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Сани 11-уми октябри соли равон дар театри мусиқӣ – мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар чорабинии бошукӯҳ баргузор гардид, ки дар он маросими қадрдонии ғолибони даври вилоятии озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», ««Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат» ва «Маснавихонӣ» доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси вилояти Хатлон Фирӯза Шарифӣ ширкат варзида, иштирокчиёни озмунҳои ҷумҳуриявиро, ки аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят шикат доштанд, самимона барои иштирокашон табрик намуданд. 
Гуфта шуд, ки: «Боиси ифтихор аст, ки тайи чанд соли охир бо ташаббус ва ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарëфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, инчунин тақвияти ҷаҳони маънавии сокинони мамлакат озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар сатҳи баланд доир мегарданд».
Дар вазъияти тантанавӣ нафарони ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифта, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо Шаҳодатнома, Сипоснома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз Донишгоҳи давлатии Данғара, ки ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат ёфтаанд:

  • Саъдуллоев Диловар – омӯзгори кафедраи назария ва амалияи забони англисии факултети филология ва рӯзноманигорӣ аз рӯйи номинатсияи эҷоди наср, сазовори ҷойи 2-юм гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ, 
  • Аминова Шаҳло – магистранти курси 2-юми ихтисоси забони хориҷӣ (забони англисӣ) таҳти роҳбарии н.и.ф. Олимиён Сабрина аз рӯйи номинатсияи эҷоди назм, сазовори ҷойи 2-юм гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ,
  • Саъдуллоева Муродгул – омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети филология ва рӯзноманигорӣ аз рӯйи номинатсияи эҷоди назм, сазовори ҷойи 3-юм гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ
  • Шодигули Манучеҳр – донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси дизайн (костюм ва газвор) факултети табиӣ-риёзӣ ва технологияи муосир, таҳти роҳбарии н.и.ф. Олимиён Сабрина аз рӯйи номинатсияи эҷоди назм, сазовори ҷойи 2-юм гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд.

Ғолиби даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» аз Донишгоҳи давлатии Данғара, ки ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат ёфтааст:
Оламафрӯзи Илҳомҷон - донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси таърихи факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ, таҳти роҳбарии н.и.т Алишери Амирхон сазовори ҷойи 3-юм гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ қадрдонӣ гардид;

Ғолибони даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз Донишгоҳ, ки ба даври ҷумҳуриявӣ озмун роҳхат ёфтанд.

Аз рӯи номинатсияи “Технологияи иттилоотӣ”:
Каримов Самариддин – донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси молия ва қарзи факултети молия ва иқтисод, таҳти роҳбарии н.и.т. Умаров Анваршоҳ сазовори ҷойи 3-юм гардида, бо Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ қадрдонӣ гардид,

Аз рӯи номинатсияи “География”:

  • Ашуров Толибҷон – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси идораи давлатии факултети идоракунии давлат ва ҳуқуқ, таҳти роҳбарии Азизов Асомиддин сазовори ҷойи 2-юм, соҳиби Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 2500 сомонӣ, 
  • Бобоев Анвар – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси география, сазовори ҷойи 3-юм, таҳти роҳбарии Салимзода Фатҳиддин соҳиби Шаҳодатнома ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 1500 сомонӣ  қадрдонӣ гардиданд.