СИЁСАТИ ПУЛИЮ ҚАРЗӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

СИЁСАТИ ПУЛИЮ ҚАРЗӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

«СИЁСАТИ ПУЛИЮ ҚАРЗӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР РУШДИ  ИҚТИСОДИЁТ»

 

Бо чунин унвон санаи 14-уми октябри соли 2023 бо ташаббуси кафедраи молия ва фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии Данғара дарси кушод бо иштироки Директори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ., профессор Шариф Раҳимзода баргузор гардид. Дарси кушод дар доираи васеи ҳайати профессорон, омӯзгорон, унвонҷӯён, магистрон ва донишҷӯёни равияҳои иқтисодӣ гузаронида шуд. Қайд кардан зарур аст, ки дар дарси кушоди мазкур доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода ба яке аз масъалаҳои мубрами аҳамияти умумииқтисодидошта «Сиёсати пулию қарзӣ ва нақши он дар рушди иқтисодиёт» баромад намуда, ҷанбаҳои муҳими ин масъаларо бо татбиқи механизмии амалии он дар шароити Ҷумҳурии Тоҷикистон ба саҳми шунавандагон пешниҳод намуданд.

Ғайр аз ин, дар баёни масъала оид ба ҳамбастагӣ ва аз ҳамвобастагии сиёсати пулию қарзӣ ба иқтисодиёт, ислоҳоти пулӣ ва аҳамияти иқтисодии он, ташкили дурусти сатҳи монетизатсия, тадбиқи мунтазами вусъати ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, таъмини устувории пули миллӣ, нигоҳдории суботи нархҳо, нигоҳдории мувозинати сатҳи таваррум ва як қатор масъалаҳои муҳими дигари марбут ба сиёсати пулию қарзӣ баромад намуданд. Дар охир вобаста ба мавзуи баррасишаванда саволу ҷавоб сурат гирифт, ки аз ин ҳайати иштирокдорон қаноатманд гардиданд.