ҲИМОЯИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ХУШХАБАР!

 

Санаи 14-уми октябри соли 2023, соати 13:00 омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Данғара КАБИРОВ ЛУТФУЛЛО АБДУСАЛОМОВИЧ рисолаи номзадии хешро таҳти унвони «МАХСУСИЯТҲОИ ТАРҶУМАИ СЛЕНГҲОИ ҶАВОНОН АЗ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ БА ЗАБОНИ ТОҶИКӢ», аз рӯйи ихтисоси 10.02.20 - Забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ, таҳти роҳбарии номзади илмҳои филологӣ, дотсент, мудири кафедраи забоншиносии умумии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Ҳасанова Шаъло Раҳмоновна, дар Шурои диссертатсионии 6D.KOA–036 назди Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бо муваффақона дифоъ намуд.

Раёсати донишгоҳ устоди азизро барои ин муваффақияти арзишманд дар самти илм самимона табрик гуфта, ба ӯ сарбаландӣ, тандурустӣ ва дар корҳои минбаъдаашон комёбиҳои беназиро таманно дорад.