ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ КУҲАНБУНЁДИ ТОҶИКОН - МЕҲРГОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ КУҲАНБУНЁДИ ТОҶИКОН - МЕҲРГОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, сиёсати фарҳангпарварона, маорифпарварона ва миллатдӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идҳои таърихӣ, аз ҷумла Иди Меҳргон имрӯз эҳё гардид. Сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки ниёгони мо дар ин рӯз либосҳои идонаи арғувонӣ пӯшида, ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд.
Бо мақсади ҷонибдорӣ аз сиёсати фарҳангпарварона ва маорифпарваронаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ба хотири эҳёи суннатҳои қадимаи миллӣ санаи 14 -уми октябри соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии Данғара ҷашни куҳанбунёди тоҷикон – Меҳргон дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Роҳбарияти донишгоҳ аз дастархони идонаи факултети аграрӣ ва амнияти озуқаворӣ, ки фарогири меваю сабзавоти ватанӣ ва гушае аз ҳунарҳои мардумӣ буд, боздид намуданд. Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ зимни суханронии худ зикр кард, ки Иди Меҳргон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ таҷлил гардида, мисли ҷашнҳои таърихии Наврӯз, Сада, Тиргон аз қадимтарин идҳои миллии мардуми ориёинажод маҳсуб мешавад. Меҳргон чун дигар ҷашну идҳои миллати куҳанбунёди тоҷик бо ибтикори таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳё гардида, ҳамасола мо онро ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил менамоем. Дар интиҳои чорабинӣ аз тарафи донишҷӯни соҳибистеъдод ва шуъбаи фарҳанги раёсати корҳои тарбиявӣ барномаи хотирмони фарҳангӣ-фароғатӣ пешниҳод гардид.