ЭЪЛОНИ ОЗМУНИ УМУМИДОНИШГОҲӢ
Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара бо мақсади рушди донишҳои сиёсӣ, ҳифзи дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, баланд бардоштани ҳисси ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва бахшида ба "Рӯзи Президент - 16 ноябр" Озмуни умумидонишгоҳии "БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ" - ро дар байни кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ эълон менамояд. Озмун аз 25-уми октябр то 14 ноябри соли 2023 идома ёфта, ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм дар байни омӯзгорон ва кормандон, ғолибони ҷойҳои 1, 2 ва 3-юм дар байни донишҷӯён муайян ва дар ҳамоиши тантанавӣ бо диплом, мукофотпулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда мешаванд.