ТАШКИЛИ ГУЗАРОНИДАНИ АМАЛИЁТҲОИ ҚАРЗӢ ДАР БОНКҲОИ ТИҶОРАТӢ

ТАШКИЛИ ГУЗАРОНИДАНИ АМАЛИЁТҲОИ ҚАРЗӢ ДАР БОНКҲОИ ТИҶОРАТӢ

Таҳти ҳамин унвон санаи 25.10.2023 бо ташаббуси кафедраи молия ва фаъолияти бонкӣ, инчунин дар асоси нақшаи семинарҳои илмӣ-методии назди кафедра аз ҷониби муаллими калони кафедраи мазкур Қувватзода Саидхон Сайвалӣ дар мавзуи “Ташкили гузаронидани амалиётҳои қарзӣ дар бонкҳои тиҷоратӣ” гузаронида шуд. Дар кори семинар мутахассиси раёсати илм ва инноватсия Ҳамидов Ф., мудири кафедра н.и.и., дотсент Сафаров Қ.С. мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ н.и.и., дотсент Раҳматов Б.Қ., муаллимони калон Мениқулов С.М., ассистентон Мирзоев А.М., Аҳроров С.Ҳ., Ҳусейнзода А.Ф. ва як қатор донишҷӯёни курсҳои сеюми ихтисосҳои марбути кафедра иштирок намуданд.