БАРГУЗОРИИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОД

БАРГУЗОРИИ ҶАМЪИЯТИ ИЛМИИ ФАКУЛТЕТИ МОЛИЯ ВА ИҚТИСОД

Санаи 26.10.2023 дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи маҳфили илмии донишҷӯёни факултети молия ва иқтисоди Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор гардид, ки он бо ташаббуси муаллими калони кафедраи молия ва фаъолияти бонкӣ Мениқуллов Саидшо Маҳмадуллоевич дар мавзуи “Назарияи эволютсионии олимон дар бораи моҳият ва зарурияти молия” гузаронида шуд. Дар кори маҳфил сармутахассиси раёсати илм ва инноватсия Тоирзода Мавлуда Амон, декани факултети молия ва иқтисод н.и.и., дотсент Қудратзода П.Қ., мудири кафедраи молия ва фаъолияти бонкӣ н.и.и., дотсент Сафаров Қ.С., мудири кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва андозбандӣ н.и.и., дотсент Раҳматов Б.Қ., муаллимони калон Қувватзода С.С., ассистентон Мирзоев А.М., Аҳроров С.Ҳ., Ҳусейнзода А.Ф. ва як қатор аъзоёни ҷамъияти илмии донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. 
Ногуфта намонад, ки баромадкунандагони маҳфил: донишҷӯёни курси 4-уми ихтисоси 1-250104 – молия ва қарз Атохуҷа Бобокалонзода, Саидов Фазлиддин, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 1-25010410 – тиҷорат дар саноати сабук Абдураҳмонов Ошурбек ва донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-25010402 – кори бонкӣ Эгамбердиев Манучеҳр бо мавзуъҳои хеш диққати толорро ҷалб намуданд.