СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ

СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ

БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ КАФЕДРАИ ТАЪМИНОТИ БАРҚ

«ХОСИЯТҲОИ ФИЗИКИЮ ХИМИЯВИИ ХӮЛАИ НОҚИЛИ АЛЮМИНИЙИ E- E-AlMgSi («АЛДРЕЙ») БО КАЛСИЙ, КАДМИЙ ВА СУРМА»

Санаи 30-юми октябри соли 2023 семинари илмӣ-назариявии кафедраи таъминоти барқ баргузор гардид, ки дар он омӯзгори кафедра Холов Ёрмаҳмад Ҷомаҳмадович дар мавзуи «Хосиятҳои физикию химиявии хӯлаи ноқили алюминийи e-almgsi («алдрей») бо калсий, кадмий ва сурма» баромад карда, ҷанбаҳои гуногуни мавзуъро таҳлилу баррасӣ намуд.
Бояд зикр кард, ки мавзуи мазкур пас аз ироа мавриди баррасӣ ва суолгузоии васеи мудири кафедра н.и.т. Абдулақов А.П., мудири кафедраи муҳандисӣ ва сохтмони гидротехникӣ н.и.т. Бобохонов Ф.Ш., мудири кафедраи информатика ва телекомуникатсия н.и.т. Умаров А.Н. қарор гирифт. Инчунин дар семинар мутахассисони раёсати илм ва инноватсия Ҳамидов Ф.А. ва Маҳмадалиев У.М., омӯзгорони факултети муҳандисӣ ва меъморӣ Улфатов С.Э., Шоназаров У.С., Исозода А.З., Раҳмон П., Талбаков Ҳ.Х. ширкат ва суханронӣ намуданд.
Дар рафти семинар Холов Ё.Ҷ. иброз доштанд, ки муқаррар намудани хосиятҳои механикӣ, функсияҳои гармофизики ва термодинамикӣ, кинетикаи оксидшавӣ ва рафтори анодии хӯлаи ноқили алюминий E-AlMgSi («алдрей»),  бо калсий, кадмий ва сурма ҷавҳаронидашуда, барои эҳтиёҷоти саноати электротехникӣ пешбинӣ шудааст, дар раванди истеҳсолот васеъ истифода мегардад.