КУШОДАШАВИИ КУРСИ СЕРТИФИКАСИОНИИ ДӮЗАНДАГӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

КУШОДАШАВИИ КУРСИ СЕРТИФИКАСИОНИИ ДӮЗАНДАГӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

МАРКАЗИҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ” – И ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА КУРСИ СЕРТИФИКАТСИОНИИ ДӮЗАНДАГИРО ОҒОЗ НАМУД

  • Бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва ба шуғл ҷалб намудани занҳои хонашин, ҳамзамон дӯстдорони санъати дузандагӣ, Донишгоҳи давлатии Данғара курси сертификатсиониро барои хоҳишмандон, аз санаи 1-уми ноябри соли 2023 оғоз намуд. Бояд қайд намуд, ки машғулиятҳои амалӣ бо истифода аз дастгоҳҳои ҳозиразамони дарздӯзӣ бо усулҳои миллӣ ва аврупоӣ гузаронида мешаванд.
  • Баъди хатми курси маркази Ҳунарҳои мардумӣ, хатмкунандагон бо сертификат сарфароз гардонида мешаванд.

Дар рафти омӯзиш касбомӯзон самтҳои зерини дӯзандагиро аз худ менамоянд:

  • 1. тарҳрезӣ ва духти либос;
  • 2. технологияи лоиҳакашии духти либос;
  • 3. нақшҳои миллӣ;
  • 4. ҳунарҳои мардумии қуроқдузӣ ва бофандагӣ.