БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ УМУМИДОНИШГОҲИИ “БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ АСАРҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

“БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ АСАРҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН”

Санаи 14.11.2023 бо ташаббуси раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳи давлатии Данғара озмуни умумидонишгоҳии “Беҳтарин донандаи асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон” ба муносибати “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид, ки дар он зиёда аз 40 нафар донишҷӯён ва зиёда аз 25 нафар омӯзгорони донишгоҳ ширкат варзиданд. Озмун тақрибан 15 рӯз пеш аз баргузорияш эълон гардида, таваҷҷуҳи донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ нисбат ба он баланд буд. Дар рафти озмун тибқи низомнома аз рӯи 9 асари безаволи Пешвои миллат, аз қабили “Чеҳраҳои мондагор”, “Забони миллат – ҳастии миллат”, “Уфуқҳои Истиқлол”, “Тоҷикон дар оинаи таърих аз Ориён то Сомониён”, “Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ”, “Бист қадами созанда”, “Имоми Аъзам – рӯзгор, осор ва афкор”, “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” саволу ҷавоб доир гардида, беҳтаринҳо маълум карда шуд. Аз рӯи хулосабарориҳои аъзои ҳакамони озмун натиҷаи ниҳоӣ дар миёни омӯзгорон чунин аст:

  • 1.Азизов Комил Ҷурахонович – н.и.ф., мудири кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсия – ҷойи аввал;
  • 2.Файзуллоев Абдурозиқ – омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷик – ҷойи дуввум;
  • 3.Саидов Абурайҳон Исоевич – омӯзгори кафедраи сохтмони гидротехникӣ – ҷойи сеюм.

 

Дар миёни донишҷӯён натиҷа ва ҷойҳои ифтихорӣ ба таври зайл аст:

  • 1.Фаризабонуи Тоирҷон – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-93010100 Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ – ҷойи якум;
  • 2.Оламафрӯзи Илҳомҷон – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси 1-02010200 (Таърих. Ихтисоси иловагӣ) – ҷойи дуввум;
  • 3.Маҳинаи Шамсулло – донишҷӯй курси 3-юми ихтисоси рӯзноманигорӣ – ҷойи сеюм.

 

Ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ бо диплом ва маблағҳои пулӣ қадрдонӣ мегарданд. Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани нурӯи зеҳнӣ, шавқу завқи мутолиаи китоб, дарёфти беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат ва дар ниҳоят тарғиб ва дастгирии ҳамаҷонгибаи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Раёсати илм ва инноватсия 14.11.2023