ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА 31 СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА 31 СОЛАГИИ ИҶЛОСИЯИ 16-УМИ ШУРОИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА

Устодону донишчӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара рӯзи Президент ва солгарди Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии ҶТ-ро бо руҳияи баланди ватандӯстиву хештаншиносӣ таҷлил намуданд. Чорабинии тантанавӣ бахшида ба ин рӯз дар толори фарҳангии донишгоҳ бо садо додани суруди милли оғоз гардид. Ректори донишгоҳ профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ зимни баромади худ иброз намуд, ки фарзанди фарзонаи миллат, абармарди дунёи сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонит нуфузи миллати тоҷикро дар ҷаҳон баланд бардошта, Тоҷикистонро ба як давлати мутараққиву рушдкарда тадбил диҳад. Ва имрӯзу минбаъ бояд ҳар як фарди дилогоҳу ватандӯст чунин талошу заҳматҳои беназири роҳбари давлатро дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон арҷгузорӣ намуда, ҳифзу гиромидошт ва рушду густариши онро қарзи имониву виҷдонӣ қарор дихад. Озмуни беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат, ки чандест миёни устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара идома дошт дар ин рӯз ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплому ифтихорнома ва туҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд. Дар қисмати фарҳангии ҷамъомад донишҷуён порчаҳои назмиву насрӣ, саҳнаҳои ҷолиб ва сурудҳое, ки тараннумгари сулҳу субот ва ҳамдилии мардумро дар бар мегирифт, манзури ишгтирокчиёни чорабинӣ гардониданд.