- ХУШХАБАР, ХУШХАБАР, ХУШХАБАР
- СЕ ҶОЙИ ИФТИХОРӢ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ"!
Соли панҷум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор мегардад, ки идомаи сиёсати илмдӯстона ва маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат мебошад.*
16 ноябри соли 2023 дар ҳошияи тантанаҳои *“Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон”* Донишгоҳи давлатии Данғара фазои идонаеро мемонд. Зеро, се нафар намояндагони Донишгоҳ дар даври ниҳоии *Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”* фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд:
- 1.Саъдуллоев Диловар – муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ – аз рӯйи номинатсияи эҷоди наср, *сазовори ҷойи аввал;
- 2.Саъдуллоева Муродгул – муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷик – аз рӯйи номинатсияи эҷоди назм, *сазовори ҷойи сеюм;
- 3.Шодигули Манучеҳр – донишҷӯйи курси 2-юми ихтисоси рӯзноманигорӣ – аз рӯйи номинатсияи эҷоди назм, *сазовори ҷойи сеюм.*
Ғолибони Озмунро дар саҳни Донишгоҳ, ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, муовини раиси ноҳияи Данғара Абдуллозода Фариза Саидқул, ҳайати профессорон, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯён дар фазои мутантан бо суруру шодӣ ва гулдаста гарму самимӣ истиқбол намуданд.
Дастоварди мазкур дар таърихи таъсису фаъолияти Донишгоҳи давлатии Данғара ва ташкилу баргузории *Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”* , барои Донишгоҳи давлатии Данғара *маротиба аввал* ба шумор рафта, саҳифаи наву муваффақиятбореро боз намуд.