ҒОЛИБИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ"

ҒОЛИБИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ"

Шодигули Манучеҳрдухт – донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Данғара дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", ки таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли панҷум аст, ки ташкил ва баргузор мегардад, аз рӯйи номинатсияи "эҷоди назм" фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардида, ба Диплом ва мукофотпӯли дар ҳаҷми 20 000 сомонӣ қадршиносӣ шуд. Дастоварди мазкур, ба ҳайати профессорон, омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара муборак бошад.