ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ИНТЕРНЕТ ОЛИМПИАДА” МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ФАНҲОИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА ОЛМОНӢ

ОЗМУНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ “ИНТЕРНЕТ ОЛИМПИАДА” МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН АЗ ФАНҲОИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ВА ОЛМОНӢ

Санаи 17.11.2023 даври якуми озмуни байналмилалии “Интернет Олимпиада” миёни донишҷӯёни ҳамаи факултетҳои Донишгоҳи давлатии Данғара аз фанҳои забони англисӣ ва олмонӣ баргузор гардид. Рафти озмунро омӯзгорони кафедраи забонҳои хориҷӣ н.и.ф. Усмониён Нозила, н.и.ф. Маҳмадалиев Фаррух ва муаллими калони кафедраи номбура Сафаров Х. назорат намуда, озмунро ба таври шаффоф баргузор намуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар озмун зиёда аз 25- нафар донишҷӯён иштирок варзида, 3 нафари онҳо ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Даври ниҳоии озмун санаи 7-уми декабри соли 2023 гузаронида мешавад ва масъули баргузории озмуни байналмилалӣ Донишгоҳи давлатии техникии Новосибирски Федератсияи Россия ба шумор меравад, ки тариқи мустақим (онлайн) баргузор хоҳад шуд.