16 майи соли 2024 бо иштироки ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ, сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сафарзода Садафмоҳ, намояндагони шуъбаҳои маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, ҷаласаи тақсимоти хатмкунандагон курсҳои 4-ум ва 5-уми шуъбаи рӯзонаи гурӯҳҳои буҷавии ихтисосҳои равияи омӯзгории Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара” баргузор гардид.
Ректори донишгоҳ, профессор Хайрзода Ш.Қ. зимни баромади хеш изҳор дошт, ки бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар гардида, имтиёзҳои қонунии омӯзгорони ҷавонон сол то сол афзун гардидаистодааст.
Дар соли таҳсили 2023-2024 шуъбаи рӯзонаи гурӯҳҳои буҷавии ихтисосҳои равияи омӯзгории донишгоҳро 103 нафар донишҷӯ хатм менамоянд, ки пас аз хатм бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои машғул гардидан тули 3 сол ба фаъолияти омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо сафарбар гардида, аз моҳи августи соли ҷорӣ ба фаъолият шурӯъ хоҳанд кард.
Сафарзода С. - сармутахассиси раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хатмкунандагони курсҳои 4-ум ва 5-уми шуъбаи рӯзонаи гурӯҳҳои буҷавии ихтисосҳои равияи омӯзгориро ба талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби тақсимот ва ба ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон” (аз 27.05.2017, №262) ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа шинос намуданд.
Дар интиҳои ҷаласа миёни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифта, мутахассисони ҷавон ба саволҳои худ ҷавобҳои қанеъкунанда гирифтанд.