«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». ДАР ХАТЛОН ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУН ОҒОЗ ЁФТ

      Данғара, 16.09.2024. Даври сеюми озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар Донишгоҳи давлатии Данғара оғоз гардид. Дар маросими оғози даври вилоятии озмуни мазкур Абдусаломзода Анзурат Абдусалом – муовини раиси вилояти Хатлон, Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ – ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, Зиёдулло Абдулзода – сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, намояндагон аз ташкилоту муассисаҳо, ҳайати ҳакамони озмун ва иштирокчиён иштирок намуданд.

       Бояд тазаккур дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» соли чорум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат доир мегардад.