Таҳти унвони мазкур дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ва садорати факултети молия ва иқтисод, аз ҷониби декани факултети мазкур н.и.и. Қудратзода П.Қ. шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ бо иштироки васеӣ ҳайати омӯзгорону кормандони садорати факултет баргузор карда шуд, ки муҳтавои он чунин аст: Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат имсол ба худ шукӯҳи хоссаеро касб намуд. Зеро он дар бинои нави Парлумони кишвар баргузор гардид, ки шаҳомати толори мазкур, худ далели амиқи сол ба сол устувор гардидани аркони давлатдорӣ таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Аз таҳлилҳои дар Паём овардашуда нишондиҳандаҳои макроиқтисодии мамлакат тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва талошҳои шабонарӯзии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба болоравӣ доранд. Ин аст, ки соли 2024-ум ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шудааст ва дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 таъмин гардидааст.
Хусусан дар даҳаи 3-юми даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо андешидани тадбирҳои судманд соҳаи иҷтимоиёт рушд намуда, некӯаҳволии мардум таъмин гардонида шудааст, ки аз заҳматҳои бевоситаи Пешвои миллат дар ин самт далолат мекунад.
Дар Паёмашон Пешвои миллат иброз намуданд, ки дар панҷ соли охир аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи дохиливу хориҷӣ зиёда аз 197 миллиард сомонӣ ба соҳаи иҷтимоиёт равона карда шудааст. Инчунин дар се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Факту рақамҳои овардашуда нишон медиҳанд, ки дар ин самт Пешвои муаззами миллат таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, баҳри расидан ба ҳадафҳои стратегӣ гомҳои устувор гузоштаистодаанд. Бояд гуфт, ки ҷиҳати ноил гардидан ба захираҳои бузурги инсонӣ ва таъмини иқтидорҳои афзоянда, хусусан ҷиҳати ноил гардидан ба иқтисодиёти рақамӣ таваҷҷӯҳ ба соҳаи маориф ва роҳандозӣ намудани тадбирҳои таъхирнопазир дар омодасозии мутахассисони ҷавобгӯй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, ки аз рушди маориф маъша мегиранд, роҳбари давлат стратегияи мазкурро муайян намудаанд.
Яке аз ҳадафҳои расидан ба иқтисодиёти рӯ ба рушд дар таъмини ҳавасмандгардонии аҳолӣ ва ба ин восита ноил гардидан ба натоиҷи назаррас, ин таъмини даромади пулии аҳолӣ мебошад ва он ҳам бо ибтикори роҳбарияти давлату ҳукумат аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024-ум расонида шудааст. Яъне нишондиҳандаи мазкур то ин давра 3 маротиба зиёд гардонида шуда, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш дода шудааст, ки қобили таҳсин ва қадршиносӣ мебошад.
Дар Паёми худ Пешвои миллат иброз намуданд, ки дар панҷ соли охир маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ чор маротиба (солҳои 2020, 2022, 2023, 2024) ва дар маҷмӯъ, ба андозаи 100 фоиз зиёд карда шудааст. Инчунин тибқи нақшаи стратегӣ, рушди иқтисоди кишвар дар соли 2025-ум дар сатҳи на кам аз 8 фоиз таъмин карда хоҳад шуд, ки нишондиҳандаи мазкур аз устувории фаъолияти сарчашмаҳои буҷаи мамлакат далолат мекунад ва роҳандозии системаи мазкур аз сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил гардидан ба рушди устувор дарак медиҳад.
Яке аз нақшаҳои стратегӣ дар Паёми навбатии Пешвои миллат ин мушаххасан муайян намудани самтҳои ноилгардидан ба иқтисодиёти рақамӣ дар панҷ соли оянда мебошад, ки таҳлилҳои гузаронидашуда дар ин самт амиқан дар 7-банд овардашудааст, ки роҳи ноил гардиданро дар эълон гардидани солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» равшан менамоянд.