ДАСТОВАРДИ НАВБАТӢ ДАР ДОНИШГОҲ

      19 марти соли 2025 дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон бо ибтикори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон “Маросими ҷоизасупории беҳтаринҳои соҳаи кор бо ҷавонон” бо иштироки ғолибони номинатсияҳои озмуну чорабиниҳо дар соли 2024, барандагони стипендияи Президентӣ ва ҷавонони фаъол баргузор гардид. *Донишгоҳи давлатии Данғара дар Маросими мазкур соҳиби се Ҷоиза гардид:*

      Сафаров Қаландар Саймаҳмудович – мудири кафедраи молия ва фаъолияти бонкӣ ғолиби номинатсияи ”Олими ҷавону муваффақи вилояти Хатлон дар соли 2024” бо Диплом ва тӯҳфаи хотиравӣ;

      Холов Рамазон Раҷабалиевич – муовини сардори раёсати корҳои тарбиявӣ ғолиби номинатсияи “Беҳтарин корманди шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди вилояти Хатлон дар соли 2024” бо Диплом ва тӯҳфаи хотиравӣ;

       Сафарова Нигора Тоҷиддиновна – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси забонҳои хориҷӣ (забони англисӣ) ғолиби номинатсияи “Беҳтарин донишҷӯдухтар дар соли 2024” бо Диплом ва тӯҳфаи хотиравӣ дар вазъияти тантанавӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дастоварди навбатӣ, ба коллективи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Данғара фархунда бод!