бахшида ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия»
Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024.
Маҳз дар радифи эълон намудани Пешвои миллат солҳои 2025 – 2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» санаи 15.05.2025 бо ташаббуси кафедраи информатика ва технологияҳои рақамии факултети муҳандисӣ ва меъморӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ – назариявӣ дар мавзуи “Рушди илм ва инноватсия дар шароити рақамикунонӣ” дар сатҳи олӣ баргузор гардид.
Дар кори конференсия ҳайати олимону профессорон, омӯзгорон, унвонҷӯён, магистрантону донишҷӯён ишитрок намуданд.
Дар конференсия мавзуъҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
1. Пешвои миллат – кафили раќамикунонии саноатикунонии босуръат;
2. Модельное представление численных решений задачи Стефана на плоскости;
3. Таълими геометрия ва технологияи иттилоотӣ коммуникатсионӣ;
4. Искусственный интеллект в поиске новых биологически активных соединений;
5. Рақамикуннои ва сарфаи нерӯи барқ дар системаи барқтаъминкунӣ.
Дар рафти конференсия қайд гардид, ки рақамикунонӣ ва автоматикунонии амалиётҳои техникӣ, иқтисодӣ ва идоракунии техникӣ ба воситаи технологияи рақамӣ ҳаёти одамонро ба сатҳи нави зиндагонӣ мебарорад ва ин боис ба он мегардад, ки инсонҳо дар шароитҳои муносиб зисту зиндагонӣ намоянд. Гуфта шуд, ки вобаста ба талаботи ҷаҳони имрӯз, технологияи рақамӣ бо суръати ниҳоят баланд аён гардида истодааст.
Дар охири конференсия баромадкунанда ба саволҳои шунавандагон посухҳои қаноаткунанда гардонид.


