Санаи 29.11.2025 бо ташаббуси факултети молия ва иқтисоди Донишгоҳи давлатии Данғара конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ - назариявӣ дар мавзуи "Масоили мубрами иқтисодиёти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ" баргузор карда шуд. Дар кори конфронс олимони соҳа дар муассисаҳои илмӣ таҳқиқотии сатҳи ҷумҳурӣ ва олимони муассисаҳои таҳсилоти олии минтақаи Хатлон ширкат варзиданд. Конференсия дар сатҳи баланди илмӣ анҷом дода шуда, дар охир бо музокирот ва саволу ҷавобҳо ҷамъбаст гардид.


