Паёми Пешвои миллат — заминаи таҳкими худшиносӣ, рушди илм, таълим, маориф ва иқтисод

     Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо ибтикори садорати факултети молия ва иқтисод семинари омӯзишӣ бахшида ба муҳтавои консептуалӣ ва нуктаҳои калидии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва касбии ҳайати омӯзгорону кормандон арзёбӣ мегардад.

    Дар ҷараёни семинар декани факултет, дотсент Қудратзода П.Қ., бо маърӯзаи омӯзишӣ баромад намуда, самтҳои таҳкими худшиносӣ, илм, таълим, маориф, иқтисод ва рушди захираҳои инсониро ба таври таҳлилӣ шарҳу тавзеҳ доданд. Ҳамзамон масъалаи ҳамоҳангсозии фаъолияти таълимӣ-методӣ ва илмӣ-тадқиқотии факултетро бо ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди баррасии амиқ қарор доданд.

    Сипас, эдвайзерон ва мудирони кафедраҳо вобаста ба роҳҳо ва механизмҳои татбиқи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар фаъолияти таълимӣ ва илмии факултет ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки истифодаи самараноки иқтидори зеҳнӣ ва ташаккули муҳити рақобатпазири таълимӣ омили муҳими баланд бардоштани сифати таҳсилот ба ҳисоб меравад.

    Дар доираи муҳокимаҳои таҳлилӣ масъалаҳои марбут ба нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдории фаъолияти таълимӣ, самаранокии раванди таълим, таҳкими таъминоти кадрӣ ва густариши фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ баррасӣ гардида, дар натиҷа як қатор қарорҳои мушаххас ҷиҳати такмили фаъолияти минбаъдаи факултет қабул карда шуданд.

   Дар фарҷоми семинар бо мақсади ҳавасмандгардонии маънавӣ ва қадрдонӣ аз фаъолияти самаранок, як зумра омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни садорати факултет барои саҳми арзандаашон дар татбиқи ҳадафҳои стратегии факултет бо сипосномаҳо қадрдонӣ гардиданд.