ДУРАХШИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ДАНҒАРА ДАР СОЛИ 2025

    Таваҷҷуҳи доимӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии оқилона ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи илму маориф гувоҳи равшани он аст, ки рушди маориф ва пешбурди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Донишгоҳ пайваста талош меварзад, ки татбиқи сиёсати ҳукумат ва иҷрои дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар самти илму маориф ҳамчун роҳнамои фаъолияти доимии худ қарор диҳад. Ин раванд масъулият ва уҳдадориҳои олимон ва муҳаққиқонро боз ҳам бештар намуда, аз онҳо фаъолияти самаранок ва натиҷабахшро тақозо менамояд.

    Соли 2025 барои ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёну кормандони Донишгоҳи давлатии Данғара соли басо муҳим ва хотирмон ба ҳисоб меравад. Дар ба даст овардани дастовардҳои муҳим дар ин соли пурбарор пеш аз ҳама саҳми раёсати донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандону донишҷӯёни донишгоҳ беназир аст. Роҳбарияти донишгоҳ пайваста талош меварзад, ки донишгоҳро дар дохил ва хориҷи кишвар ба таври мусбӣ муаррифӣ намуда, дар баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии кадрҳои рақобатпазир дар миқёси ҷумҳурӣ яке аз донишгоҳҳои асосӣ ба ҳисоб равад.

   Саҳифаҳои наву рангине, ки барои Донишгоҳи давлатии Данғара соли 2025 боз шуданд дар таърихи донишгоҳ ба ҳарфҳои заррин навишта хоҳанд шуд, инҳоянд:

1. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 23-юми октябри соли 2025 дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара барои бунёди хонаҳои истиқоматии омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Данғара санги асос гузоштанд.

2. Донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси ҳуқуқи байналмилалӣ Раҳимов Анушервон Қиёмиддинович дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик сазовори ШОҲҶОИЗА гардид.

3. Муовини ректори Донишгоҳи давлатии Данғара оид ба тарбия, н.и.с. Ҷабборӣ Насиба Ҷаббор ба Медали - «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шуд.

4. Олимиён Сабрина Шамсулло – мудири кафедраи адабиёт ва рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Данғара ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ сарфароз гардид.

5. Ҷобиров Мирзоали Шералиевич – магистри курси 1-уми ихтисоси - филологияи рус дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи адабиёти ҷаҳон сазовори ҶОЙИ СЕЮМ гардид.

6. Ғуломова Фотима Раҷабалиевна – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик. рӯзноманигорӣ дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯйи номинатсияи адабиёти муосир сазовори ҶОЙИ СЕЮМ гардид.

7. Маҳмадаминов Хайём Тоҳирҷонович – сардори раёсати корҳои тарбиявии донишгоҳ дар Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар жанри эстрадии “Номинатсияи сарояндагӣ” (аз 18 то 35 сола) сазовори ҶОЙИ ДУЮМ гардид.

8. Донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ Раҳматова Руҳафзо Сафаралиевна дар Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” аз номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” сазовори ҶОЙИ СЕЮМ гардид.

9. Дастаи ҳаваскорони “Шукри Истиқлол”-и донишгоҳ ғолиби даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии телевизионии “Маҳфили Зарифон” гардид.

10. Аз моҳи январи соли 2025 музди маоши ҳайати омӯзгорону кормандон аз ҳисоби маблағҳои махсуси донишгоҳ дар ҳаҷми 10% баланд бардошта шуд.

11. Соли сипаришуда дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара Шурои диссертатсионӣ ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020500 – Филология (6D020501 – Адабиёти тоҷик ва 6D020502 – Забони тоҷикӣ) ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм аз рӯйи ихтисосҳои 10.01.00 – Адабиётшиносӣ (10.01.01 – Адабиёти тоҷик, равобити адабӣ) ва 10.02.00 – Забоншиносӣ (10.02.01 – Забони тоҷикӣ) таъсис дода шуд.

12. Соли 2025 Донишгоҳи давлатии Данғара ба Низоми ягонаи гардиши ҳуҷҷатҳои электронӣ (https://edo.innovation.tj/) пайваст гардид.

13. Донишгоҳи давлатии Данғара аз рӯи интихоби довталабон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин ҷой гирифт.

14. Соли таҳсили 2025-2026 ба Донишгоҳи давлатии Данғара 2100 нафар довталабон дохил шуданд.

15. Дар соли сипаришуда донишгоҳ аз аккредитатсия давлатӣ гузашт, соҳиби Иҷозатномаи ҷадид оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ гардид.

16. Дар ин сол нақшаҳои таълимии ихтисосҳои амалкунанда тибқи талаботи муосир оид ба омодасозии кадрҳо таҳия ва мавриди истифода қарор дода шуданд.

17. Барномаҳои таҳсилотӣ аз рӯйи самт (ихтисос) ва маҷмуабарномаҳои таълимӣ барои ихтисосҳои амалкунанда таҳия карда шуданд.

18. Донишгоҳ барои қабули довталабон аз рӯйи 49 ихтисос дар зинаи бакалавр, 13 ихтисос дар зинаи магистратура ва 5 ихтисоси дар зинаи докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) гардид.

19. Дотсенти кафедраи физика ва география Олими Ашуралӣ Рамазон рисолаи докториро ҳимоя намуда, соҳиби дараҷаи доктори илмҳои педагогӣ гардид.

20. Дар ин сол се нафар омӯзгорони донишгоҳ дипломи дотсентӣ гирифтанд.

21. Дар Донишгоҳи давлатии Данғара 13 нафар омӯзгорони рисолаҳои номзадии хешро бо муваффақият ҳимоя намуданд.

22. Аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ 6 китоби дарсӣ бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расонида шудааст.

23. Аз ҷониби пажуҳишгарони донишгоҳ 23 монографияи илмӣ ба нашр расонида шуданд.

24. Ҳамчунин, аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ 35 дастуру воситаҳои таълимӣ ба нашр расонида шудааст.

25. Дар Донишгоҳи давлатии Данғара 14 озмоишгоҳи таълимию илмӣ амал менамоянд, ки соли 2025 озмоишгоҳҳои фанҳои физика ва химия бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.

26. Дар донишгоҳ синфхонаҳои лингофонӣ бо таҷҳизоту лавозимоти омӯзишии муосир таҷҳизотонида шудааст.

27. Мавзуи илмӣ – фармоишии донишгоҳ зери унвони “Тавлифи ҳосилаҳои нави глитсератҳои баъзе филизоти дувалента ва соҳаҳои имконпазири истифодабарии онҳо” аз ҷониби шурои ҳамоҳангсозии АМИТ бо маблағи 360000 сомонӣ, дар соли 2025 қабул гардид.

28. Мавзуи илмӣ – фармоишии донишгоҳ зери унвони “Технологияи мутобиқати парвариши зироатҳои кишоварзӣ дар шароити мавзеи Данғара вобаста ба тағйирёбии иқлим”, аз ҷониби шурои ҳамоҳангсозии АМИТ бо маблағи 472827 сомонӣ, дар соли 2025 қабул гардид.

29. Дар ҳамин сол мавзуи илмӣ – фармоишии донишгоҳ зери унвони “Таҳлили сифатӣ ва миқдории қисматҳои аккумуляторҳои литий-ионӣ”, аз ҷониби шурои ҳамоҳангсозии АМИТ бо маблағи 864750 сомонӣ қабул гардид.

30. Ҳамчунин мавзуи илмӣ – фармоишии донишгоҳ зери унвони “Таҳияи ретсептураи нави заҳрхимикати омехтаи бордосӣ аз ашёи хоми маҳаллӣ ва истифодаи он дар соҳаи боғу токпарварии ноҳияи Данғара”, аз ҷониби шурои ҳамоҳангсозии АМИТ бо маблағи 513455 сомонӣ, дар ин сол қабул гардид.

31. Мавзуи илмӣ – фармоишии донишгоҳ зери унвони “Татбиқи фалсафаи мувафақият ва мактаби давлатдории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёди давлатдории миллӣ”, аз ҷониби шурои ҳамоҳангсозии АМИТ бо маблағи 517079 сомонӣ, дар соли 2025 қабул гардид.

32. Мавзуи илмӣ – фармоишии донишгоҳ зери унвони “Роҳҳои такмилдиҳии баҳисобгиририи муҳосибӣ дар корхонаҳои истихроҷи маъдан”, аз ҷониби шурои ҳамоҳангсозии АМИТ– бо маблағи 600000 сомонӣ, дар ҳамин сол қабул гардид.

33. Корҳои илмӣ дар соли 2025 нисбат ба соли 2024 аз рӯйи ҳамаи нишондиҳандаҳо 20,8% зиёд иҷро гардиданд.

34. Соли сипаришуда Донишгоҳи давлатии Данғара 11 конфренсияи сатҳи гуногун, вобасата ба мавзуҳои муҳими илму техника ва технология дар кишавр гузаронда шуданд.

35. Моҳи июни соли 2025 дар донишгоҳ конфренсияи байналмилалӣ дар мавзуи “Нақши илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ дар рушди технологияҳои инноватсионӣ ва иқтисоди рақамӣ” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” баргузор карда шуд.

36. Моҳи декабри соли равон дар донишгоҳ конфренсияи илмию амалии байналмилалӣ дар мавзуи “Масъалаҳои муҳими вобаста ба истеҳсолу коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ташхис, табобат ва пешгирии касалиҳои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ ва парранда дар шароити муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор карда шуд.

37. Моҳи майи соли равон дар донишгоҳ конфренсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Рушди илм ва инноватсия дар шароити рақамикунонӣ”, бахшида ба ба эълон намудани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инниоватсия” баргузор карда шуд.

38. Моҳи июни соли равон дар донишгоҳ конфренсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Роҳҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ҳуқуқии мубориза бар зидди таҳдидҳои замони муосир” гузаронда шуд.

39. Моҳи июни соли равон дар донишгоҳ конфренсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Нақши Фирдавсӣ дар рушду инкишофи достонсаройии форсӣ-тоҷикӣ” гузаронда шуд.

40. Моҳи ноябри соли равон дар донишгоҳ конфренсияи ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Масоили мубрами иқтисодиёти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ” бахшида ба эълон гардидани солҳои 2025-2030 “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” гузаронда шуд.

41. Моҳи октябри соли равон дар донишгоҳ конфренсияи илмию назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзуи “Педагогикаи шахсиятсозӣ ва нақши омӯзгор дар рушди устувори ҷомеа” гузаронда шуд.

42. Моҳи марти соли равон дар донишгоҳ конфренсияи донишгоҳӣ Дар мавзуи “Масоили об ва ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳони муосир”, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо гузаронда шуд.

43. Ҳамчунин, дар ин сол конференсияи донишгоҳии илмӣ-назариявӣ бахшида ба бузургдошти Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ва Рӯзи забони давлатӣ гузаронда шуд.

44. Моҳи сентябри соли равон конференсияи донишгоҳии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Мавлоно ва тамаддуни башарият”, бахшида ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ гузаронда шуд.

45. Аз ҷониби ҳайати олимону профессорони донишгоҳ 6 мақола дар маҷаллаҳои бонуфузи байналмилалӣ SCOPUS, Web of Science ва DOI дар соли сипаришуда ба нашр расиданд.

46. Соли сипаришуда 216 адад мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нашр расонида шуданд, ки 25 адад нисбати соли 2024 зиётар мебошад.

47. Дар ин сол 212 мақолаи илмӣ дар маҷмуаи мақолаҳои конференсияҳои байналмилалӣ дар соли 2025 ба нашр расонида шуданд.

48. Ҳамчунин 269 адад мақолаҳо дар маводи конференсияҳои ҷумҳуриявӣ дар соли 2025 нашр гардиданд.

49. Дар ин сол 132 адад мақолаи илмӣ дар маводи конференсияҳои донишгоҳӣ ба нашр расиданд, ки 79 мақола нисбати соли 2024 зиёдтар мебошад.

50. Аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ 5 адад патенту нахустпатент бо санадҳо барои ихтироот ба даст оварда шуданд.

51. Соли таҳсили 2025-2026 Донишгоҳи давлатии Данғара аз рӯйи 5 ихтисос иҷозатномаро ба зинаи доктор PhD, доктор аз рӯйи ихтисос ба даст овард.

52. Дар соли сипаришуда ба китобхонаи донишгоҳ 15.000 китоб ворид гардида, ба фонди китобхонаи электронии донишгоҳ 100.000 китоб ворид карда шудааст.

53. Холов Рамазон Раҷабалиевич – муовини сардори раёсати корҳои тарбиявӣ ғолиби номинатсияи “Беҳтарин корманди шуъбаи кор бо ҷавонони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҳудуди вилояти Хатлон дар соли 2025” ҳисобида шуд.

54. Сафарова Нигора Тоҷиддиновна – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси забонҳои хориҷӣ (забони англисӣ) ғолиби номинатсияи “Беҳтарин донишҷӯдухтар дар соли 2025” дониста шуд.

55. Кобулиев Бузургмеҳр - донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ дар озмуни ҷумҳуриявии “Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон” сазовори ҶОЙИ СЕЮМ гардид.

56. Арчаев Ибодулло – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз фанни фалсафа сазовори ҶОЙИ ДУЮМ гардид.

57. Оламафрӯзи Илҳомҷон – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси таърих дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз фанни таърихи халқи тоҷик сазовори ҶОЙИ СЕЮМ гардид.

58. Каримов Самариддин – донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси молия ва қарз, дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз фанни информатика сазовори ҶОЙИ СЕЮМ гардид.

59. Шоҳмуродов Низомиддин – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар аз фанни сиёсатшиносӣ сазовори ҶОЙИ СЕЮМ гардид.

60. Эгамбердиев Манучеҳр – магистранти курси якуми ихтисоси молия ва қарз дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии “Маърифат ва амнияти молиявӣ” дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сазовори ҶОЙИ ЯКУМ гардид.

61. Соли сипаришуда ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии Данғара бо Донишгоҳи саноатии касбӣ ва техникии шаҳри Янчэн бо ташрифи расмии ректори ин муассиса Лю Юшен ба Донишгоҳи давлатии Данғара оғоз гардиданд.

62. Соли сипаришуда намояндагони донишгоҳ дар ҳошияи Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ “Qatar Travel Mart-2025” ширкат варзида, ҳамкориҳо бо Донишгоҳи олии Лусаили Қатар оғоз гардиданд.

63. Соли сипаришуда ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии Данғара бо Донишгоҳи Ҳамад ибни Халифа (HBKU) оғоз ёфтанд.

64. Соли сипаришуда аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии Хелветас ва дафтари Шветсария оид ба рушд ва ҳамоҳангсозии барномаи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Данғара Маркази машварати ҳуқуқӣ ташкил карда шуд.

65. Моҳи ноябри соли сипаришуда ҳамоиши илмӣ-фарҳангии тантанавӣ таҳти унвони “Президенти мо – Ифтихори мо” бо сиёсатшиноси варзидаи кишвар Абдуллоҳи Раҳнамо доир гардид.

66. Моҳи декабри соли сипаришуда ҳамоиши илмӣ-адабӣ ва маърифатӣ таҳти унвони “Адабиёту фарҳанги ватанӣ ва ҳувияти миллӣ” адиб, нависанда ва рӯзноманигор – Ҳафиз Раҳмон доир гардид.

67. Дар ҳамин сол бо маблағи 612 500 сомонӣ таҷҳизоти техникӣ барои синфхонаҳои компютерӣ ва маркази тестию бақайдгирӣ харидорӣ шуданд.

68. Дар ҳамин сол бо 26 корхонаю муассисаои кишвар шартномаи ҳамкорӣ барои таҷрибаомӯзи донишҷӯён баста шуданд.

69. Дар ҳамин сол зиёда аз 23000 гулҳои мавсимӣ дар ҳудуди донишгоҳ ва атрофи он шинонда шуданд, ки ба бино ҳусну таровати хос бахшиданд.

70. Дар ҳамин сол хобгоҳҳои донишҷуён аз таъмири пурра бароварда шуданд.

71. Соли сипаришуда хатти таъмини оби гарм дар хобгоҳи донишҷӯён ва биноҳои таълимӣ таъмир ва ба истифода дода шуданд.

72. Дар ин сол ҳосилнокии пахта дар қитъаи таълимӣ-таҷрибавии донишгоҳ ба 24 с/га расида, дар маҷмуъ аз майдони 3 га беш аз 7 тонна пахта супорида шуд.

73. Дар чорабинии бошукӯҳи ноҳия бахшида ба таҷлили 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3500 нафар донишҷӯён иштирок карданд.

74. Дар чорабинии бошукӯҳи ноҳия ва роҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3000 нафар донишҷӯён иштирок карданд.

75. Дастаи футболбозони донишгоҳ соли сипаришуда дар мусобиқаи Лигаи футбол миёни донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои вилояти Хатлон соҳиби ҶОЙИ ДУЮМ гардиданд.

    Ҳамин тариқ, Донишгоҳи давлатии Данғара барои татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат ва амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи илму маориф пайваста талош намуда, барои пешбурди босамари фаъолияти минбаъда тамоми чораҳои заруриро меандешад. Натиҷаи чунин талошҳои пайваста дар фаъолияти илмию таълимии донишгоҳ барҷаста таҷассум меёбад. Омӯзгорону донишҷӯён ва магистрантони донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи гуногун фаъолона иштирок намуда, дар 3 соли охир ба дастовардҳои арзишманд ноил гардидааст. Дар ба даст овардани дастовардҳои беназире, ки соли 2025 ба хазинаи илмии донишгоҳ ворид шудаанд, пеш аз ҳама саҳми хизматҳои шабонарӯзии роҳбарияти донишгоҳ ва аҳли коллективи Донишгоҳи давлатии Данғара нақши асосӣ дорад.

    Зеро роҳбарияти донишгоҳ пайваста ба донишҷӯён, магистрантҳо, аспирантҳо ва докторантҳое, ки дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи гуногун иштирок менамоянд, ҳамаҷониба кумакҳо менамояд. Аз ин ташаббусҳои роҳбарият донишҷӯён, магистрантҳо ва омӯзгорони донишгоҳ руҳбаланд гардида, дар озмунҳои сатҳи гуногун иштироки фаъол менамоянд ва сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Дар заминаи соҳиб гаштан ба дастовардҳои беназир дар соли 2025 ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёну кормандони донишгоҳ боз ҳам софдилона заҳмат кашида, дар пешрафти босуботи Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи хешро мегузоранд.

Иқтибос аз ҳисоботи ректори донишгоҳ, соли 2025