(семинари илмӣ-назариявӣ дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, 16.12.2025)
Санаи 7-уми январи соли 2026 бо ташаббуси кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Данғара дар ҳошияи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ семинари илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Паём — пайки саодати миллат» баргузор гардид.
Ҳадафи баргузории семинар омӯзиш ва баррасии амиқи нуктаҳои муҳими Паёми Сарвари давлат, таҳлили самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши забони давлатӣ, фарҳанг, илму маориф ва худшиносии миллӣ дар рушди устувори кишвар арзёбӣ гардид.
Дар семинар устодон, муҳаққиқон ва омӯзгорони кафедра бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз дидгоҳи илмӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ мавриди таҳлил қарор доданд. Зикр гардид, ки Паёми Пешвои миллат ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва роҳнамои стратегӣ самтҳои асосии рушди ҷомеа, таҳкими давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифати шаҳрвандонро муайян менамояд.
Дар кори семинар масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дода шуд:
1.Мероси таърихиву фарҳангӣ – шиносномаи миллати куҳанбунёди тоҷик – д.и.ф., профессор Саидҷаъфаров О.Ш.;
2.Пешвои муаззами миллат ва Паёми имрӯз – н.и.ф. Абдуев Э.С.;
3.Рушди соҳаи маориф дар меҳвари Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – н.и.ф. Файзуллоев А.А.;
4.Нақши маориф дар ташаккули ҷомеаи муосир – Ҳоҷатуллои Мусо.
Иштирокчиён ба масъалаҳои тақвияти мақоми забони тоҷикӣ, тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, рушди илми ватанӣ ва нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар амалисозии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Дар фарҷоми семинар таъкид гардид, ки омӯзиш ва тарғиби муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муҳимми аҳли илму маориф буда, баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ-назариявӣ ба густариши тафаккури миллӣ, таҳкими арзишҳои давлатдорӣ ва болоравии маърифати сиёсиву фарҳангии ҷомеа мусоидат менамояд.


