22 январи соли 2026, соати 15:00 дар шурои диссертатсионии 6D.КОА-093 назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳимояи диссертатсияи Тиллозода Анваршо Абдулҳақ дар мавзуи «Ҳаёти иқтисодӣ–иҷтимоии Тоҷикистон дар шароити дигаргунсозиҳои охири асри ХХ ва аввали асри ХХI» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 6.1.1. -Таърихи ватанӣ баргузор гардид.
Раёсати донишгоҳ устоди азизро барои ин муваффақият самимона табрик гуфта, ба ӯ сарбаландӣ, тандурустӣ ва дар корҳои илмии минбаъдааш комёбиҳои беназирро таманно дорад.


