Мусаллам аст, ки халқи тоҷик бо хислатҳои накӯ, тамаддунофарию илму дониш ҳазорсолаҳо дар арсаи ҷаҳон мавқею манзалати хешро по бар ҷо нигоҳ медорад. Дар ҳар давру замон душманони дохилию хориҷии миллати мо аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ин халқи куҳанбунёдро бадном созанд. Ба бахти миллати мо Тоҷикистон баъди ҳазор сол давлати соҳибихтиёр гардид ва бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, ягонаю дунявиро интихоб кард ва бо Сарвари хирадпешаю ҷонфидояш ба дастовардҳои бузурги илмию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Баҳри расидан ба сулҳу суботи сиёсӣ, якдилию якпорчагӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар ҷонбозиҳо карданд. Аз гуноҳи хиёнаткорон гузашт карданд, вале боз хоинони миллат бар зидди ин ғамхориҳои Пешвои миллат имрӯз дар фазои маҷозӣ нисбати ин халқу миллати тоҷик туҳмату буҳтонҳои беасос зада истодаанд. Нисбати чунин хоинони миллати тоҷик, ки дар хориҷ аз пушти хоҷагони хориҷии худ истода, барои фоидаҳои шахсии худ ва дигар манфиатҳо мехоҳанд Тоҷикистони биҳиштосоро ба доми фиреб афкананд гуфтаниям, ки халқи тоҷик ҳеҷ гоҳ эҳтиром ба сулҳу субот, Ваҳдати миллӣ ва якпорчагии Тоҷикистонро канор намегузорад, зеро ҳамин хоинон буданд, ки дар солҳои 90-ум дасисабозиҳо миллати тоҷикро то чи аҳвол расонда буданд.
Хушбахтона, бо талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз сатҳи некӯаҳволии мардум боло рафта, дар кишвари мо сулҳу амният пойдор аст. Тоҷикистони биҳиштосои мо тибқи раддабандии ҷаҳонӣ яке аз кишварҳои амнтарини олам ба ҳисоб меравад. Ва нисбати он хоинони миллати тоҷик, ки дар хориҷ аз ватан то ҳол аз нақшаву ниятҳои нопоки худ даст накашида аз кишварҳои дуру наздик ба сари давлату миллат санги маломат мерезанд, гуфтани ҳастем, ки мо ҳамеша пайравони Пешвои миллат будем, ҳастем ва хоҳем монд. Имрӯз мардуми хирадсолори тоҷик дӯсту душманро ба хубӣ шинохтааст ва ҳеҷ гоҳ ба дасисаи бадандешон фирефта нахоҳад шуд. Он хоинонро, ки ҳатто номи онҳоро дар забон гирифтан макруҳ аст, хоки ватан кӯр хоҳад кард.
Имрӯз он хоинон дар хориҷи кишвар аз қудратҳои минтақивию ҷаҳонӣ кушиши молиявӣ гирифта, мехоҳанд боз фазои кишварро тира кунанд ва ҳамчун як муҳра ба манфиатҳои бегонагон хизмат намоянд. Имрӯз шукрона аз он мекунем, ки дар фазои сулҳу ваҳдат ва озодии афкору андеша зиндагӣ дорем. Дар шароити ҳозира моро зарур аст, ки дар ин масъала ҳушёр бошем, аз хоинон ва душманони миллат, ки нияти сарнагун кардани миллати тоҷикро доранд, эҳтиёткор бошем.
Бо сарварии шахсияти маъруфу хирадманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи заҳматкаши тоҷик рӯзҳои вазнинро паси сар карда, имрӯз дар Тоҷикистони ободу зебо зиндагӣ дорад. Мутаасифона, душманони халқу давлати тоҷик, ки хоинони миллатанд мехоҳанд бо ҳар гуна роҳу усулҳо нисбати давлати тинҷу осоиштаи мо афкори ҷомеаи ҷаҳони имрӯзаро вайрон созанд. Аз дур истода иттилооти дурӯғ медиҳанд. Вале халқи тоҷик кӯр нест ва худ дида истодааст, ки саҳми Пешвои миллат дар рушди кишвар чӣ гуна аст.
Рӯз аз рӯз “касали”-и хоинон шадидтар шуда истодааст. Пешрафту шукуфоии Ватани азизамон, обрӯву нуфузи Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон байни дигар кишварҳои ҷаҳон онҳоро ором нагузошта, балки ғазабашонро зиёдтар карда истодааст. Сулҳе, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Тоҷикистон овард, нодиртарин ва қиматтарин неъмат мебошад. Мо ҳаракат мекунем, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳро чун гавҳараки чашм ҳифз кунем ва ҳама аз як гиребон сар бароварда барои ҳимояи манфиатҳои миллӣ камар бандем, дар муқовимат ба афкори экстремистӣ, террористӣ муташаккилона мубориза барем ва нагузорем, ки нохалафе фазои ороми Тоҷикистони азизамонро бо суханҳои бардурӯғ ғуборолуд созад.
Мо омӯзгорон кушиш менамоем, ки донишҷӯёнро дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия намоем ва мутахассиси соҳаи худ шуда, хизмати Ватанро иҷро намоянд ва шукронаи давлату ҳукумат ва тинҷию амнияти кишварро баҷо оранд. Мақсади хоинони миллат бори дигар моро ҳушдор медиҳад, ки барои амалиёти ҳар гуна гурӯҳҳои ифротиву ихтилофангез набояд фазои мусоид фароҳам оварем. Дар баробари ин, набояд фаромӯш кард, ки дaр шaроити ҷaҳонишaвӣ душвор гaрдидaни муносибaтҳои бaйнaлмилaлӣ, сиёсию иқтисодӣ бa мaсъaлaҳои ҳифзи арзишҳои миллӣ, пос доштaни муқаддасоти давлатӣ, бaлaнд бaрдоштaни сaтҳи фaрҳaнгӣ-сиёсӣ дар атрофи Пешвои миллат сарҷамъ бошем.
Ҷурақулзода Умрон – омӯзгори кафедраи адабиёт ва рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Данғара


