Асри XXI асри иттилоот ва технология меноманд, ки дар ин қарн ҷаҳони мо бо таҳдидҳои ҷиддие рӯ ба рӯ гардида истодааст. Ин таҳдидҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Гурӯҳи якуми таҳдидҳо ин аз қувваҳои стихиявии табиат баромада, ҳамасола хисороти зиёди ҷониву молӣ ба инсоният мерасонад. Ин хатару таҳдидҳо ба мисли зилзила, обхезиҳо, хушксолиҳо, тағйирёбии иқлим ва дигар ҳодисаҳои табиӣ мебошанд. Аммо қисми дуюми таҳдидҳо хусусияти субъективӣ дошта ба амали худи инсон ва шаҳрвандон алоқаманд мебошад, ки эҷодкунандаи ин хатарҳо инсонҳо мебошанд. Ин хатарҳо имрӯзҳо пеш аз ҳама дар нашъамандӣ, бемориҳои сироятии лабораторӣ, коррупсия, хурофотгароӣ, ифротгароӣ, даҳшатафканӣ ва ҷиноятҳои трансмиллӣ таҷассум меёбанд, ки дар шароити имрӯза аз ҳама таҳдид ва хатари бузург барои инсоният ин пеш аз ҳама ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ мебошад.
Ин падидаи шум, ки мисли вабои аср доман паҳн мекунад, пеш аз ҳама қишри осебпазири ҷомеа, ҷавононро ҳадаф қарор медиҳад. Савол ба миён меояд, ки чаро маҳз ҷавонон? Чунки дар ин давраи умр инсон дар ҷустуҷӯи ҳувият ва пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа мебошад. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд: чӣ гуна метавон ҷавононро аз гирдоби хатарноки ифротгароӣ ҳифз кард? Ҷавоб танҳо як аст: тавассути худшиносии миллӣ ва ватандӯстии асил. Чуноне, ки файласуфи Юнони Қадим Суқрот фармудаанд: “Дар ҷаҳон танҳо як хайр аст, ин дониш мебошад ва танҳо як шар аст, ин бедонишӣ (ҷоҳилӣ) мебошад”.
Аз ин рӯ, ягона роҳи мубориза бо ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ низ маҳз дониш, худшиносӣ ва ватандӯстӣ мебошад, ки худшиносӣ танҳо донистани ному насаб нест. Ин пеш аз ҳама огоҳӣ аз таърихи ниёгон, фарҳанг, забони модарӣ, арзишҳои миллӣ ва дигар ҷанбаъҳои ҳаёти иҷтимоии миллат дар масири таърих мебошад. Ҷавоне, ки медонад вориси кадом тамаддун аст ва ниёгонаш мисли Зардушту, Куруши Кабир, Дорову Маздак, Деваштичу Муқаннаъ, Сомониву Балъамӣ, Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Форобӣ ва ҳазорҳо шахсиятҳои баору бономус, донишманду наҷотдиҳандаи инсонҳо аз ҷаҳолату бадбахтӣ буданд ва ба башарият чӣ хизматҳое кардаанд, ҳеҷ гоҳ ба даъватҳои пучу бемантиқ ва подарҳавои хоинони миллат М.КАБИРӢ, МУҲАММАДИҚБОЛИ САДРИДДИН, ҲУСЕЙН АШУРОВ, ШАРОФИДДИН ГАДОЕВ дода намешавад.
Боиси зикри хос аст, ки худшиносӣ ин тафаккури интиқодӣ аст. Он ба ҷавон имкон медиҳад, ки миёни "арзишҳои динӣ" ва "идеологияи сиёсии ифротӣ" фарқ гузорад. Аммо новобаста аз таблиғоти андешаҳои муғризонаи нохалафони ифротгаро имрӯз аксари ҷавонони мо аз ҳадафҳои нопоки ифротгароён воқиф гардида, ба илмомӯзӣ, ҳунаромӯзӣ ва дигар корҳои арзишманд ва саодатмандкунанда машғул буда, дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва дигар корҳои барои ҷавонон манфиатбахш машғул шуда, дар ободӣ ва пешрафти ватан саҳмгузор мебошанд. Ҳамзамон давлату миллати тоҷикро дар сатҳи байналмилалӣ муарифӣ ва парчами Тоҷикистонро боло мебардоранд, ки ба ин гурӯҳи ҷавонон аҳсану офарин мегӯем. Зеро, ки қисми зиёди ҷавонони мо ба дараҷаи худшиносӣ ва худогоҳӣ расида, ватани худро дӯст медоранд ва баҳри ободӣ ва сарсабзии он кору пайкор намуда истодаанд.
Дигар аз омилҳои муқовимат бо ифротгароӣ ва ҷаҳолат ин тақвияти ватандӯстӣ мебошад. Зеро, ки ватандӯстӣ ҳамчун сипари дахлнопазир ва эҳсосест, ки инсонро ба созандагӣ ҳидоят мекунад. Ифротгароӣ ҳамеша бар пояи тахриб ва ҷудоихоҳӣ бино мешавад, аммо ватандӯстӣ моро ба ваҳдату ҳамзистии осоишта раҳнамун месозад. Ҷавони ватандӯст дарк мекунад, ки ҳифзи суботи кишвар ин ҳифзи хонавода, модар ва ояндаи худи ӯст. Вақте мо мегӯем "Ватан", на танҳо марзу бум, балки оромиву осоиштагии ҳар як кӯчаву масоҳати кишварро дар назар дорем. Муқовимат бо ифротгароӣ маҳз аз ҳамин ҷо оғоз мешавад, аз эҳсоси масъулият барои ҳар як ваҷаб хоки муқаддас, барои ҳифзи он ва ҳифзи манфиатҳои миллат. Ин аст, ки файласуфе мефармояд: “оянда дар дасти огаҳон аст”.
Боиси зикри хос аст, ки мубориза бо ифротгароӣ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Балки ин вазифаи ҷониву имонии ҳар як шаҳрванд ва масъулияти ҳар як ҷавони бедордилу огоҳ мебошад. Мо бояд дарк кунем, ки бузургтарин душмани ифротгароӣ дониш, огоҳӣ, худшиносӣ ва ватандӯстии шаҳрвандон ва махсусан насли наврасу ҷавон мебошад. Ҷавононе, ки бо донишманду огоҳ ва китобдӯстанд, таърихи худро мепарастанд ва ба Ватани худ содиқанд, нерӯи асосии муқовимат бо ҳар гуна хатарҳои замони муосир мебошанд.
Биёед, силоҳи мо илм, сипари мо худшиносӣ ва парчами мо ватандӯстӣ бошад!
Ҳамин тариқ, ифротгароӣ ин ҷаҳолат аст, аммо худшиносӣ нурест, ки роҳи ояндаро равшан мекунад. Мо ҷавонон, набояд иҷоза диҳем, ки касе бо эҳсосоти мо бозӣ кунад ва моро ба зидди Ватани худамон барангезад. Сипари асосии мо на силоҳ, балки дониш, китоб ва ифтихори миллӣ аст!
Вақте инсон худро мешиносад, ӯ соҳиби ирода мегардад. Вақте Ватанро мешиносад, соҳиби масъулият мешавад. Ифротгароӣ маҳз дар ҷое реша медавонад, ки иродаву масъулият вуҷуд надорад.
Чӣ чизе қавитар аст: таблиғоти дурӯғини ифротгароён дар шабакаҳои иҷтимоӣ ё ҳазорон сол таъриху фарҳанги ниёгони мо? Агар дар қалбат ишқи Ватан ва дар сарат нури худшиносӣ бошад, ҳеҷ тӯфони идеологӣ туро аз по афтонда наметавонад. Пас, аз ҷавонони саодатманди миллат хоҳиш дорем, ки дунболи донишҳои ақливу мантиқӣ шуда, ба омӯзиши илм, касбу ҳунар ва ободиву сарсабзии ватанамон камари ҳиммат баста, давлати худро ба як кишвари пешрафта ва миллати худро ба як миллати хушбахт табдил ҳидем.
Алишери Амирхон – н.и.т., и.в. дотсент, мудири кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи давлатии Данғара


