Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо, ки вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон ноустувор гардида, ҷомеаи инсонӣ ба хавфу хатарҳои бузурге рӯ ба рӯ гардидааст. Барои таъмини амнияти давлату ҷамъият ва бақои миллат пеш аз ҳама тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон муҳим мебошад. Вақте, ки шахс ватандӯст мешавад, манфиатҳои миллат ва давлатро аз ҳама арзишҳо боло гузошта, баҳри ҳифзу густариши он аз ҳамаи имкониятҳо истифода менамояд. Танҳо миллати худшинос, ватандӯст ва донишманд метавонад ҳастии худ ва саодати миллаташро таъмин намояд.
Ҷавоне, ки таъриху фарҳанг, расму оин ва асолати худро шиносад, ҳеҷ гоҳ ба фарҳанги бегонаву маргбор, ғояҳои муғризонаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша ва ифротгароёни диннӣ пайравӣ намекунад.
Ватандӯстӣ эҳсоси муқаддасест, ки аз муҳаббат ба хоку об, таъриху фарҳанг ва мардум сарчашма мегирад. Ин эҳсос на танҳо шиор, балки масъулият низ мебошад. Имрӯз саркардагони гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ифротгаро аз нотавонбинӣ, кинхоҳӣ, адовату бухл ва ҷоҳталабӣ некуаҳволии мардумро нодида гирифта, ҷавонони моро нисбат ба ватан, манфиатҳои миллӣ, зиндагони осоишта, роҳбарони сиёсӣ бо ғояҳои бадхоҳӣ ба муқобили ин манфиатҳо истифода намуда, ҷавонони ноогоҳу камтаҷрибаро дар рӯҳияашон ноумедӣ ва нафратро ҷой намуда истодаанд, ки мо ин амали ноҷавонмардона ва беҳувиятии гурӯҳҳои ифротгароро маҳкум намуда, ягона роҳи мубориза бо ин зуҳурот ин ташаккули ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ медонем.
Нотвонбинӣ одатан аз ноогоҳӣ, камтаҷрибагӣ ё таъсири иттилооти ғаразноку носаҳеҳ ва таъсирбахш сар мезанад. Чунин афрод бештар камбудиҳоро мебинанд ва онҳоро аз будашон зиёд нишон медиҳанд ва аммо пешрафту дастовардҳоро нодида мегранд. Онҳо ба ҷойи қадршиносӣ аз сулҳу субот, ободонӣ, пешрафти илму маориф ва инфрасохтори хизматрасониву маишӣ, танҳо камбудиҳоро бузург нишон медиҳанд. Аммо ватандӯст воқеиятро мебинад, манфиатҳои худ ва давлатро ҳифз намуда, барои рафъи камбудиҳо на танҳо давлт балки худро низ масъул медонад:
Дар ватан бе рӯзӣ будан на айби Ватан аст,
Айби соҳибватану айби туву айби ман аст.
Бадхоҳи бошад, қадаме фаротар аз нотавонбинӣ аст. Бадхоҳ мехоҳад ҷомеаро ноором созад, миёни мардум тухми кина бикорад ва ба арзишҳои миллӣ латма занад. Вале таърих нишон медиҳад, ки миллате, ки ба ваҳдату ягонагӣ такя мекунад, ҳаргиз аз чунин амалҳо шикаст намехурад, зеро нерӯи аслии давлат дар иттиҳоду ҳамдигарфаҳмии шаҳрвандонаш аст.
Ба андешаи раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Саидмумин Ятимов “Тоҷикон дар тӯли таърих зиёда аз 13 маротиба (Модҳо, Ҳахоманишиҳо, Портҳо, Кӯшониён, Сосониён, Ҳайтолиён, Тоҳириён, Сафориён, Сомониён, Ғуриён, Куртҳои Ҳирот, Сарбадорҳо, Музаффариён) давлатдорӣ кардаанд. Он дар маҷмуъ, беш аз 2236 солро дар бар мегирад” “Шикасти ин салтанатҳои бузургу хурд бо хатои мардум, аъён ва ашрофи худи миллати мо сурат гирифтааст. Иллати аслии суқути онҳоро ҷаҳолат ташкил медод”.
Бузургтарин шоҳкории адабиёти ҷаҳонӣ, ифтихори тоҷикон ва тамоми форсизабонон “Шоҳнома” – и ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, ки бо ситоиши ақлу хирад оғоз мегардад. Чуноне, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намудаанд, “тамоми осори гузаштагони моро – аз “Авасто” сар карда, то Рӯдакию Фирдавсӣ, Мавлавию Хайём, Носири Хисрав ва Хоҷа Камол, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Соиб, Саидою Дониш ва садҳо дигар – маҷмӯи одобу ахлоқ номидан мумкин аст”.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистони мо, бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як давлати пешрафта дар заминаи сунатҳои аҷдодӣ, арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллӣ ва орзуву ормонҳои тоҷикон, ки баъди султаи бегонагон, бунёди давлати миллӣ дар асоси арзишҳои бунёдӣ буд, амали воқеии худро ёфтааст. Ва мо шоҳиди он ҳастем, ки тамоми унсурҳои давлати тозаистиқлоли мо дар асоси арзишҳои миллӣ ва асолатгароии миллӣ дар шароити имрӯза пеш рафта истодааст.
Таърих гувоҳ аст, ки дар замонҳои гуногун бо иллати хоиниву зархаридӣ ва аз паи манфиати шахсӣ бо парвариш додани ормонҳои ҳавоӣ аз ҷониби баъзе нафарон давлатҳои хурду бузурге аз байн рафтаву халқияту миллатҳои гуногун парешону сарнагун шудаанд. Агарчӣ миллати тоҷик дар масири таърих бузургтарин давлатҳову минтақаҳоро дар иҳотаи худ дошт, вале мутаассифона аз дасти аҷнабиён ва заминагузории нобудии давлат аз ҷониби баъзе сокинони хоину зархарид ва аз паи манфиати шахсӣ уфтода, дар масири таърих ба шикасту рехтҳои бузурге рӯ ба рӯ шудааст.
Имрӯз низ ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳид аст, ки дар доираи барномаҳои манфиатҷуёнаи кишварҳои бузург бо суистифода аз хоинони ин ё он ҷомеа як қатор давлатҳо барои садсолаҳо аз рӯшд бозмонданд ва дар заминаи набарду хунрезиҳои гушношунид нафарони зиёде қурбонии роҳи ноадолатӣ гаштанд.
Нотавонбинон, бадхоҳон, ифротгароён ба монанди Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашуров, Додоҷон Атовуллоев, Шарофиддин Гадоев, Шавкати Муҳаммад, Алим Шерзамонов ва даҳҳо нафар ҳамаслакони ин айёрҳои муосир аввал ҷавонро аз оила, мактаб ва арзишҳои миллӣ ҷудо намуда, шуури ҷавонро аз донишҳои ҳаётӣ пок намудан мехоҳанд ва иддаеро пок карда, ба ҷои он заҳри нафрату адоватро ҷой медиҳанд.
Бино ба оморҳои ҷаҳонӣ, беш аз 80% ҷалби ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ (Telegram, WhatsApp, TikTok ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ) сурат мегиранд. Ин "морони рақамӣ" шабонарӯз дар ҷустуҷӯи ҷавонони ноогоҳ, ноумед, дур аз дониши диниву дунявӣ, афсурда ва рӯҳафтода ҳастанд.
Ҳамин тариқ, имрӯзҳо амалҳои манфури ифротгароён, ки солҳо боз дар ниқоби домулло, рӯҳонӣ, ё шахсони бо тақво бо истифода аз дини мубини ислом баромад менамудаанд, ошкор гардида, аксарияти ҷавонон чеҳраҳои аслии Муҳиддин Кабирӣ, Муҳаммадиқболи Садриддин, Ҳусейн Ашуров, Додоҷон Атовуллоев, Шарофиддин Гадоев, Шавкати Муҳаммад, Алим Шерзамонов ва дигар ифротгарони интернетиро шинохта, ҳадафҳои нопоки онҳоро дарк мекунанд. Ҷавонони мо имрӯзҳо ба озмунҳо, олимпиадаҳо, мусобиқаҳои варзишӣ, кор ва меҳнати фаъол ва таҳсил рӯ оварда, баҳри пешрафти давлат ва миллати худ саҳмгузор мебошанд, ки ин ҳама аз тақвияти ватандӯстӣ ва ифтихори миллии насли ҷавон дарак медиҳад.
Саидов Абурайҳон – муаллими калони кафедраи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи давлатии Данғара


