22 апрели соли 2026 дар ҳошияи истиқболи “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ва оммавияти варзишу тарғиби тарзи ҳаёти солим байни дастаҳои омӯзгорону кормандони донишгоҳ мусобиқа аз рӯйи намуди футбол барои дарёфти Ҷоми Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара оғоз шуд.
Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ дар ифтитоҳи мусобиқа иштирок намуда, зикр дошт, ки бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол тариқи қабули Қатъномаи махсус аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуда, дар саросари ҷаҳон 25-уми май Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мегардад, ки ин ифтихору сарфарозии сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ бо зарбаи рамзии туби аввал ба мусобиқаи варзишӣ ифтитоҳ бахшида, ба дастаҳои варзишӣ барору муваффиқият таманно намуданд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин мусобиқа 10 дастда дар гурӯҳҳои А ва Б фаъолона иштирок хоҳанд дошт доранд. Бозии футбол миёни омӯзгорону кормандони донишгоҳ тибқи нақша дар арафаи “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ва “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” ҷамъбаст гардида, ғолибон бо медалу ифтихорнома, туҳфаҳо ва ҷом қадршиносӣ мегарданд.


