ҒОЛИБИЯТ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «МУҲАҚҚИҚ ВА ИХТИРОЪКОРИ ҶАВОН»

    Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи илми тоҷик, озмунҳои ҷумҳуриявии «Олими сол», «Магистранти сол» ва «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» баргузор гардиданд.

    Дар озмуни мазкур унвонҷӯ Улфатов Суҳроб ва донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси «Таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ»-и кафедраи муҳандисӣ ва энергетика Маҳмудҷони Сабрина дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» аз рӯйи самти энергетика иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардида, бо диплом ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

    Қайд кардан бамаврид аст, ки тӯли чор соли охир таҳти роҳбарии Муродализода У.М., омӯзгори кафедраи муҳандисӣ ва энергетика, донишҷӯёни мо дар озмуни ҷумҳуриявии «Муҳаққиқ ва ихтироъкори ҷавон» пайваста соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд.

    Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара ин дастоварди навбатиро ба ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён самимона табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи илмиву эҷодиашон комёбиҳои беназир таманно менамояд!