АКСИЯИ ЭКОЛОГӢ

    15 августи соли 2026 бо ташаббуси раёсати Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара” дар доираи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Аксияи экологӣ аз ҷониби кормандону донишҷӯёни донишгоҳ таҳти унвони “Тозагию озодагӣ мароми мост” дар гирду атрофи биноҳои таълимӣ, кӯчаҳои Марказӣ ва Советии ҷамоати шаҳраки Данғара гузаронида шуд.

 Чунин чорабиниҳоро Раёсати донишгоҳ бо мақсади тозаву озода ва сабзу хуррам нигоҳ доштани гирду атрофи донишгоҳ ва ноҳияи Данғара пайваста баргузор менамояд.