ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ МУБОРАК БОД!

    31 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун баргузор гардид.

    Хушбахтона Сабриддини Сафовуддин – мудири кафедраи молия ва фаъолияти бонкии Донишгоҳи давлатии Данғара дар соли 2026 барои дастовардҳо дар соҳаи илмҳои иқтисодӣ ба Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника ба дастовардҳои намоён ноил гаштаанд, сарфароз гардонида шуд.

    Раёсати Донишгоҳи давлатии Данғара устоди гиромиро, ҷиҳати сарфароз гардиданашон ба ҷоизаи сатҳи баланд аз номи коллективи меҳнатии донишгоҳ муборак бод гуфта, дар фаъолияти меҳнатии минбаъдаашон барору комёбиҳои нав ба навро таманно менамояд.