Яке аз мақсадҳои аслии ҳаракати ифротии салафия барҳам задани низоми давлати демократӣ ва дунявӣ мебошад. Ба андешаи идеологҳо ва пайравони ин равияи динии ифротӣ, низоми дунявии давлатдорӣ хоси тамаддуни ғарбӣ ва насронӣ буда, ба ҷаҳони ислом аз Ғарб интиқол ёфтааст. Аз ин рӯ, ба ислом ва мусулмонон бегона аст. Албатта, ин ақида танҳо хоси ифротгароёни салафӣ нест. Инкор ва аз байн бурдани низоми давлати дунявӣ дар барномаи ҳамаи ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ба мисли Ҳизб-ут-таҳрир, ал-Қоида, Ихвон-ул-муслимин, ТТЭ ҲНИ, ДИ ва дигар равияву ҷараёнҳи динӣ мавҷуд аст.
Аммо ин ақида дар назария ва амалияи равияи ифротии салафияи дар шакли хеле мудҳиштар вуҷуд дорад. Мувофиқи ақидаи салафияи такфирӣ, на танҳо давлатҳои воқеан демократӣ ва дунявии замони муосир низоми куфр мебошанд, ҳатто он низоми давлатҳои мусулмоние, ки қонунгузории онҳо бештар дар асоси меъёрҳои исломӣ эҷод шудаанду баъзе меъёрҳои дунявиро низ истифода доранд, ба назари онҳо «куфр» ба ҳисоб мераванд.
Азбаски салафияи ифротӣ ҳамчун як равияи «бемазҳаб» ҳама гуна мазҳабу фирқаҳоро дар таркиби ислом рад сохта «куфр» медонад, аз ин назар ҳамаи низомҳои динии давлатҳои мусулмониеро, ки дар пояи меъёрҳои ин фирқаю мазҳабҳо бунёд ёфтаанд, низ «куфр» меҳисобад. Татбиқи амалии чунин муносибати салафияро нисбат ба дигар давлатҳои мусулмонӣ дар фаъолияти «Давлати исломӣ», ки намунаи низоми давлати аз ҷониби салафияи такфирӣ-ифротӣ ташкилшуда мебошад, бараъло метавон дид. Масалан, гурӯҳи ифротии созмондодаи «Давлати исломӣ» давлатҳои мусулмониро низомҳои куфр номида буд.
Чунонки маълум аст, яке аз омилҳои асосии низоми давлатдории дунявиро интихоб кардани мардуми Тоҷикистон маҳз он аст, ки давлат олитарин арзиши инсонӣ, яъне ҳуқуқи ӯро новобаста аз мансубияти динӣ- мазҳабӣ ҳифз менамоянд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҷомеа риоя мегарданд ва ҳамаи дину мазҳабҳо дар фазои озоди сиёсӣ-ҳуқуқӣ фаъолият ва рушд доранд. Ин яке аз омилҳои асосӣ ва муассир барои аз байн бурдани низоъҳои динию мазҳабӣ ва таъмини амну субот дар ҷомеа мебошад. Аммо бо вуҷуди ин дар як муддати кӯтоҳи мавҷудияти «Давлати исломӣ» ҷаҳониён шоҳиди он гардиданд, ки чӣ тавр ин давлат бо он низоми ҳуқуқие, ки дар қаламрави зери назораташ татбиқ кард, ҳуқуқу озодиҳои мусулмононро поймол ва худи онҳоро озору қатл намуд. Масалан, дар «Давлати исломӣ» одамон аз одитарин ҳуқуқи инсонӣ маҳрум буданд. Занон ба мисли молу каниз аз ҷониби «муҷоҳидони исломӣ» истифода ва хариду фурӯш мешуданд, ҳуқуқи аз хона берун баромадан, таҳсил кардан, шодию хурсандӣ карданро надоштанд. Дар сурати риоя накардани меъёрҳои ҳуқуқии «давлати исломӣ» бе ҳукми суди расмӣ қатл мешуданд.
Гурӯҳи ифротии «Давлати исломӣ» шаклҳои ғайриинсонию даҳшатбори қатли одамонро ба мисли сар задани кӯдакон, зинда оташ задани одамон, куштани зани ҳомила, ба таври оммавӣ сар задани асирон, аввал таҷовузу баъд қатл намудани занон ва дигар амалҳои номатлубро амалӣ карда, ин амалҳои ғайриинсониро ба навор мегирифтанд. Сипас онҳоро тавассути шабакаҳои интернетӣ ба намоиш мегузоштанд ва бо ин усул тарсу ҳаросро дар рӯҳияи одамон, аз назари онҳо гӯё «кофирон», ҷой менамуданд, ки ба ҳеҷ гуна меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ мувофиқ намеомаданд. Баръакс, дар амали «Давлати исломӣ» дар назари ҷаҳониён дини ислом ҳамчун як падидаи манфур ба вуҷуд омад, ки мислашро таърихи инсонӣ надидааст.
Таҳқиқу таҳлили ақидаву ҷаҳонбинии салафияи ифротӣ ва таҷрибаи амалии «Давлати исломӣ» ошкор месозад, ки равияи салафияи такфирӣ ва пайравони онҳо дар кишварҳои мусулмонӣ, аз ҷумла, Осиёи Марказӣ мақсади давлатҳои дунявиро аз байн бурдан доранд. Дар баробари ин, онҳо ҳеҷ гоҳ давлати исломиро дар пояи арзишҳои исломӣ бунёд намекунанд. Онҳо фаҳмиши маҳдуди худро дар бораи ислом ба мардум ҳамчун меъёри ислом нишон дода, онро дар амалияи давлатдорӣ ҷорӣ намуда, ба ҳама гуна аслу қонунҳои исломӣ ва башарӣ дар ихтилоф қарор мегиранд. Бояд ҳар мусулмон дарк намояд, ки фаҳмишу диди салафиёни ифротӣ комилан хусусияти зиддиисломӣ ва зиддиинсонӣ дошта, дини исломро бо экстремизму терроризм бадном месозаду халос.
Агар касе ноогоҳона фаҳмиши мадуд ва террористии салафиёни ифротиро дуруст пиндорад, ба Ватану миллат ва лини ҳам хиёнат мекунад. Набояд фаромӯш кард, ки бо паҳн шудану густариши ақоиди салафияи ифротӣ дар Тоҷикистон мардум кишвар бо як хатари бузурги даҳшатборе рӯ ба рӯ ҳастанд, ки ба ҳастӣ ва тарзи зиндагии озодонаи мо, давлати миллии мо ва ояндаи неки кишвару сарзаминамон таҳдид дорад. Аз ин нигоҳ таблиғи паҳнсозии ақоид ва равиши салафия ин тарғиби экстремизм ва даъват ба терроризм мебошад. Пас ҳар шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба равияи салафӣ пайравӣ мекунад, онро тарғиб менамояд ва то ҳанӯз аз кардаи худ пушаймон нашуда, дар зери ҳимояи душманони хориҷии ватану миллат фаъолият мекунад, ӯ натанҳо як ҷинояткор, балки хоини Ватану миллат ва давлати миллии тоҷикон аст.
Дар шароити кунунӣ маҳз низоми дунявии давлати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки мо ҷойгоҳи воқеии динро дар ҷомеа муайян ва нақши онро дар тарбияи ахлоқӣ-маънавии инсон мушаххас намуда, ба ҳар гуна гароишҳои динии ифротие, ки ба ҳастии миллату давлати мо таҳдид мекунад, муқовимат кунем ва аз паҳншавии ақидаҳои номатлуб ҷилавгирӣ намоем. Аз ин рӯ танҳо ҳифзи истиқлоли давлатӣ, низоми дунявии давлат, таъмини асли озодии виҷдон, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирии диниро кафолат дода, амну суботи давлату ҷомеаро таъмин кардан мумкин аст.
А. Раҳмонзода, номзади илмҳои таърих


