Ҳангоме ки ҷурму ҷиноятҳои вазнин ва амалҳои террористии анҷомдодаи наҳзатиён ошкор гардид ва бо ин роҳ дасти наҳзатиён аз сари мардуми кишвар бардошта шуд, онҳо аз кишвар фирор намуданд ва ба фазои маҷозӣ гузашта, даҳшатафканию дасисаангезӣ ва нофоқангезиву тӯҳматкуниро дар он ҷо шурӯъ карданд. Акнун ба муқобили мардуму Ҳукумати Тоҷикистон ҳамлаҳои иттилоотии худро сафарбар намуда, амалҳои тахриботӣ бурда истодаанд.
Аммо дар таҳоҷуми иттилоотии пешгирифтаи террористони наҳзатӣ, мутаассифона, на корбурди иттилооти саҳеҳ, балки анвоъи иттилооти сиёҳ, аз ҷумла даҳшатафканӣ, дасисаангезӣ, туҳматпароканӣ, таҳрифкорӣ ва нифоқаандозӣ ҷоиз дониста шудааст.
Ин тудаи табоҳкор чандин сомонаҳои интернетӣ кушода, ҳамарӯза бо дурӯғу туҳмати зиёд дар интернет зеҳншӯйӣ намуда истодаанд. Мисли ҳамон қаллобони таҷрибадида кӯшиш мекунанд зеҳни ҷавононро бо ғояҳои ифротӣ ва тӯҳмату даҳшат пур аз музахрафот намоянд.
Ва яке аз муздурон ва иҷрокунандагони барномаи зиддимардумии наҳзатӣ, бешарафе бо номи Муҳаммадиқболи Садриддин (Иқболбӣ) мебошад. Ин бешараф сомонаи ифротии худро ба майдони ибрози назару андеша ва паҳнсозии ҳама гуна хабару гузоришҳои зидду нақиз ва бедалелу ифротгароёна табдил додааст. Коштани тухми адоват байни намояндагони минтақаҳо ва қишрҳои гуногуни ҷомеа, густариш додани раванди бегонапарастӣ, ифротгароӣ ва баръакс инкор намудани арзишҳои мардумӣ ва миллӣ ба кори ҳаррӯзаи масъул ва гардонандаи ин сомонаи ифротӣ табдил ёфтааст. Дунболи фирефтану гул задани ҷавонон гардада, бо ҳарфҳои пуч домани мехоҳад домани онҳоро пур кунад. Ин ягона роҳе аст, ки лоиҳаи ТТЭ ҲНИ-ро муваққатан нигаҳ доштааст ва сармоягузоронашро барои идома додани иғво, дасиса ва тавтеаҳо дар дохилу хориҷ умед мебахшад.
Яке аз роҳкорҳои музахрафи М. Садриддин, ки дар гузоришҳои худ истифода мебарад, ин аз номи мардум баромад намудан аст. Вай, ҳангоми навиштани тӯҳмату дурӯғномаҳои худ иброз медорад, ки ҳарзаҳои вай аз “муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон” ба мудири сомонаи “ислоҳ.нет”, яъне худи вай, гирифта шудааст.
Гоҳ гоҳ хобу хаёли худро аз номи кадом сокини кишвари мо ва ё гурӯҳи шаҳрвандони мо навишта, бешармона иддао мекунанд, ки барои ҳалли мушкилоти худ шаҳрвандон ба вай муроҷиат кардаанд. Кӣ метавонад ба чунин сафсатта бовар кунад? Як қаллоби гузаро, ки обурӯву мардонагияшро дар миёни мардуми худ пурра аз даст додааст, чӣ тавр метавонад мушкилкушои мардум бошад? Чунин қаллоби касбӣ танҳо метавонад мушкилзо бошад ва мардумро фиреб дода хонасалот созад.
Аз тарафи дигар, наҳзат ба миллату ватан ҳеҷ иртиботи мазмунию мундариҷавӣ надошт ва надорад. Ба ин маънӣ, ки ТТЭ ҲНИ ҳамчун ташкилаи террористӣ, чи дар замони дар ҷумҳурӣ фаъолияти расмӣ кардан ва чи айёми дар хориҷ панаҳ бурдан ба манофеи миллӣ наздик набуд. Чаро? Зеро ки наҳзат аз реша ва бунёд назароти маҳдуди ғайримиллӣ дорад. Ташкилаҳои наҳзатӣ ҳеҷ вақт ифодагари рӯҳияи миллӣ, манофеи миллӣ, арзишҳои миллӣ ва мардумӣ, фазои миллӣ ва мафкураи мардумӣ набуд ва буда ҳам наметавонад.
Раҳим Ҳошим, муҳаққиқ


