«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ДАР ХАТЛОН ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУН ОҒОЗ ЁФТ

    ДАНҒАРА, 07.10.2026. Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Донишгоҳи давлатии Данғара оғоз гардид. Дар маросими оғози даври вилоятии озмуни мазкур Абдусаломзода Анзурат – муовини раиси вилояти Хатлон, Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ – ректори Донишгоҳи давлатии Данғара,Зиёдулло Абдулзода – сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, Асомиддинзода Шарофиддин - сардори раёсати таҳсилоти умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳакимзода Зуҳро – муовини раиси ноҳияи Данғара, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилоят, намояндагон аз ташкилоту муассисаҳо, ҳайати ҳакамони озмун ва иштирокчиён иштирок намуданд.

    Бояд тазаккур дод, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳаштум аст, ки таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат доир мегардад.