Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Данғара бо ташаббуси Раёсати корҳои тарбиявӣ бо истиқоматкунандагони хобгоҳҳои писарона ва духтарона мулоқоти судманд доир гардид.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои риояи тартибу интизом, қоидаҳои дохилихобгоҳӣ, маданияти зист, поккориву ободонӣ ва истифодаи самараноки вақти холигӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Масъулин ба саволҳои донишҷӯён посух дода, барои беҳтар намудани шароити зист ва таҳсил тавсияҳои зарурӣ доданд.


