ҒОЛИБИЯТ ДАР ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ*

 16-уми октябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Олимпиадаи байналмилалӣ таҳти унвони «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» баргузор гардид. Дар бахши STARTUP аз рӯйи номинатсияи «Зеҳни сунъӣ» донишҷӯи курси 5-уми ихтисоси «Математика-информатика»-и Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммадҷони Илҳомҷон фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойи дуюм гардид.Раёсати Донишгоҳ донишҷӯи мазкурро бо ин муваффақияти арзишманд табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва эҷодиаш комёбиҳои нав орзу менамояд!