17 октябри соли 2026 гурӯҳи кории Донишгоҳи омӯзгории Шэняни Ҷумҳурии Мардумии Чинро таҳти роҳбарии котиби ҳизбии донишгоҳ Ҷян Фэнчун ректори Донишгоҳи давлатии Данғара, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ гарму самимӣ истиқбол намуданд.
Ҳадафи асосии ташрифи гурӯҳи корӣ татбиқи амалии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 октябри соли 2026, № 645 Дар бораи таъсис додани Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи Конфутсий»-и Донишгоҳи давлатии Данғара ва андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти ин муассиса мебошад.
Дар ҳошияи ин сафар мулоқоти ҳайати корӣ бо роҳбарияти Донишгоҳи давлатии Данғара баргузор гардида, масъалаҳои ташкили фаъолияти донишкада, таҳкими ҳамкориҳои академӣ, ҷалби омӯзгорони соҳибтаҷриба, табодули донишҷӯёну омӯзгорон ва татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи Конфутсий»-и Донишгоҳи давлатии Данғара марҳилаи нави ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ буда, барои фароҳам овардани имкониятҳои нави таълимӣ, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва таҳкими дӯстии мардумони Тоҷикистону Чин мусоидат хоҳад кард.


