Бо супориши Рустами Эмомалӣ: дар Душанбе чораҳои зидди коронавирус пурзӯртар мешавад.

Бо супориши Рустами Эмомалӣ: дар Душанбе чораҳои зидди коронавирус пурзӯртар мешавад.

Дар шаҳри Душанбе имрӯзҳо андешидани тадбирҳои зарурӣ  ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус пурзӯр мегарданд.

Бо супориши махсуси раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ тозаю безараргардонии ҷойҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои нақлиёти мусофиркаш, таъмини муассисаҳои тиббӣ бо воситаҳои муҳими муҳофизатӣ  ва дигар корҳои тамизкорӣ дар шаҳраку маҳаллаҳои шаҳр тақвият бахшида шуданд.

Ҳамчунин бо мақсади  расонидани тавсияҳои мутахассисон  баҳри муҳофизат аз ин беморӣ масъулин  бо аҳолии пойтахт бо усули "хона ба хона" корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Дар ин радиф, кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе низ бо пуштибонӣ аз ин иқдомҳо, имрӯз бо сокинони маҳаллаи Равшангарони ноҳияи Фирдавсии пойтахт бобати фаҳмондани роҳҳои пешгирӣ аз ин вирус  вохӯрӣ доир намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Сотрудник милиции в защитной медицинской маске

Пешниҳоди хизматрасонии нави ВКД Тоҷикистон: дизинфексияи пулакӣ

Дар вохӯрии  мазкур  роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ Убайдулло Қурбонзода аз сокинон даъват карда, ки дар ин давраи  ҳассосу ташвишовар, ки қариб дар тамоми кишварҳои ҷаҳон одамон  аз вируси COVID -19  азият мекашанд ва он сабаби марги ҳазорон нафар гардидааст,  бояд  масъулияти баланди шаҳрвандӣ нишон дода, қоидаҳои гигиенаи шахсиро қатъӣ риоя намуда, беҳдошти манзилу кӯчаи хешро таъмин созанд.

Мудири шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ  дар  Душанбе Зарина Зуҳурова ба ҳозирин таъкид намудааст, ки ба хотири нигоҳ доштани саломатии худ ва пайвандон сокинон бояд аз оростани маъракаҳои калон, аз одатҳое, ба мисли  ба оғӯш гирифтану бӯсобусӣ кардан ҳангоми вохӯрӣ бо хешу табор,  ки  ба андешаи  мутахассисон яке аз роҳҳои  паҳншавии ин беморӣ маҳсуб шудааст, ҳамчунин   бе зарурат рафтан ба ҷойҳои серодам  муваққатан худдорӣ намоянд.

"Гарчанде, ки имрӯз ин беморӣ  дар ҷумҳурии мо ба қайд гирифта нашудааст, аммо ин набояд боиси фориғболии мо гардад. Мо бояд дар ҳаққи насли калонсол, ки масунияташон нисбат ба ҷавонон заифтар асту тавре аз  таҷрибаи дигар давлатҳои бо ин вабо даст ба гиребон мушоҳида мегардад, асосан  барои онҳо гирифторӣ  ба бемории коронавирус хатарнок аст, андеша кунем. Аз ин рӯ, кӯшиш намоем, ки онҳо муваққатан то нест шудани ин беморӣ дар ҷаҳон аз гашту гузор дар ҷойҳои серодам худдорӣ намоянд", - афзуд Зарина Зуҳурова.

Гурӯҳи корӣ ба сокинони маҳаллаи мазкур варақаҳои иттилоотиро, ки дар он тавсияҳои мутахассисон оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус дарҷ гардидаанд, тақсим намуданд.

Чунин суҳбату вохӯриҳо дар тамоми шаҳраку маҳаллаҳои чор ноҳияи шаҳри Душанбе гузаронида мешаванд.