ҲАР КИ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ ЧУ БАҲР...

ҲАР КИ БО ДУШМАНИИ ХАЛҚ РАВОН АСТ ЧУ БАҲР...

Таи чанд соли охир бо кӯшишу заҳматҳои беандозаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаи мардуми шарифи Тоҷикистон хонадони мардум обод ва дастурхонашон пур аз нозу неъмат гардидааст. Кас дар кучаву хиёбонҳои пойтахти кишварамон Душанбе ва дигар шаҳру навоҳӣ гаштугузор намуда, беихтиёр шукри Эзид, кишвари обод ва Пешвои сулҳофару хирадманд мекунад. Ҳамарӯза бунёди ин ё он иншоот дар дурдасттарин гӯшаву канори мамлакат дили мардумро ба зиндагӣ гармтар мегардонад.

Мутаассифона, дар шароити имрӯза дар Ватани азизи мо - Тоҷикистон ашхоси алоҳидае ҳастанд, ки фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти хоҷагони хориҷии худ гардида, бо ҳар роҳ мехоҳанд зиндагии орому осоиштаи мардумро доғдор намоянд, ки мисоли ин “ҳуқуқшинос” Маҳмурод Одинаев мебошад, ки ҳамарӯза бо ифшои хабару ҳангомаҳои беасосу бемаънӣ мехоҳад “шуҳратёр” гардад ва пас аз муддате ба оӯуши хоҷагони худ шитобаду ин рафтору кирдорҳои авбошонаи худро аз хориҷа идома диҳад.

Хушбахтона имрӯзҳо ташкилотҳои байналмилалӣ низ аз рафторҳои авбошонаи ин қабил дасисабозон хабардор ҳастанд, ки аз ҷумла Созмони Иттиҳодияи Аврупо дар шахси ҷаноби Иштван Нитрай дархости ба ӯ додани паноҳгоҳи сиёсиро рад намуд.

Ба гумонам беҳтар мебуд Маҳмурод Одинаев чашмашро кушода фазои осоишта ва зиндагонии серу пури мардуми тоҷикро новобаста аз буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи носолими эпидимиологии пешрафтатарин кишварҳои сайёра муқоиса мекарду паи шукргузорӣ ва кору зиндагӣ мегардид, зеро:

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад!.

Абдураҳмонов З.В. омӯзгори кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ