Изҳорот оид ба ифротгароӣ ва терроризм

Изҳорот оид ба ифротгароӣ ва терроризм

Ифротгароӣ ва терроризм – зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад.
Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
Имрӯзҳо дар як қатор давлатҳои дунё ҷангҳои харобиовар идома доранд, ки боиси афзоиши шумораи қурбониён ва дигар проблемаҳои иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифродгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта оқибатҳои даҳшатбор ба бор меорад.
Бинобар ин, ҷавонон бояд пайваста ба омӯхтани илму дониш, мусобиқаҳои варзишӣ, баргузории ҳаргуна маҳфилҳо, дӯст доштани Ватан ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз амалу кирдорҳои номатлуб дур бошанд.
Абдуллозода Н.Р